Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон бо вуҷуди хатарҳои коронавирус Рӯзи аспро ҷашн гирифт


Туркманистон Рӯзи аспро ҷашн гирифт.
Туркманистон Рӯзи аспро ҷашн гирифт.

Туркманистон Рӯзи миллии асп, ҷашни ҳамасолаеро, ки бахусус президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов хеле дӯст медорад, таҷлил кард.

Ин гуна ҷашнҳои оммавӣ дар Туркманистон бо вуҷуд ҳамагир шудани коронавирус идома доранд. Дар ин кишвар то ҳол расман ҳеҷ ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Вале интиқодгарон ва коршиносони соҳаи тандурустӣ изҳороти ҳукумати Туркманистонро дар бораи сироят наёфтани вируси мазкур ба ин кишвар танқид менамояд.

Расонаҳои расмии Туркманистон хабар доданд, ки 26-уми апрел дар маҷмааи аспдавонии шаҳри Ишқобод бахшида ба Рӯзи милли асп чорабинии оммавӣ, аз ҷумла озмуни зебоии аспҳо ва барномаи консертӣ баргузор шуд.

Президенти Туркманистон, ки дар бораи зоти аспи ахалтека китоб навиштааст, аз асппарварон туҳфа дарёфт кардааст. Ӯ ҳамчунин дар навбати худ ба иштирокдорони озмун мукофотпулӣ дода, ба барандаи ҷои аввал калиди мошини Audi Q8 тақдим кардааст.

XS
SM
MD
LG