Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ВКХ-и Тоҷикистон ба филми қазоқии "Патрул"


Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел бо ирсоли ёддоште ба Вазорати умури хориҷии Қазоқистон, хостори "аз лиҳози ҳуқуқӣ баҳо додани фаъолияти маркази продюссерии "B.A.S production" ва Канали телевизиони мустақил (НТК) -- фармоишгари силсилафилми қазоқии "Патрул", шудааст.

Ахиран наворҳое аз ин силсилафилм дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид. Дар як пораи ин силсилафилм сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон бо як чеҳраи олуда зоҳир мешавад, ки гӯё ба ҷуз забони модарии худ ҳеҷ забонро намедонад ва кормандони пулис ӯро маҷбур мекунанд, ки мошинро бишӯяд. Баъдан корманди пулис амр мекунад, ки рӯяшро бишӯяд ва вақте ӯ ин корро мекунад, ба кормандони пулис аён мешавад, ки ӯ шахси мавриди ҷустуҷӯ аст. Баъдан гӯё ӯро ба Тоҷикистон мефиристанд.

Дар ёддошти ҷониби Тоҷикистон аз Вазорати умури хориҷии Қазоқистон хоста шудааст, ки бо дарназардошти мавҷуд будани ҳолатҳои тӯҳмат ва амалҳои барқасдона барои барангехтани хусумати қавмӣ, тибқи қонунгузории он кишвар дар зудтарин фурсат тафтиш анҷом дода шавад.

Нашри ин филм вокунишҳои зиёдеро миёни корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Бисёре аз корбарон аз мақомоти тоҷик хостанд, ки ба пахши ин филм посухи муносиб диҳанд. Ба дунболи ин вокунишҳо, намояндагони ширкати "B.A.S production" ва Канали телевизиони мустақил (НТК) ғайрирасмӣ аз мардуми тоҷик узр пурсидаанд.

Намоиши ин филм Қазоқистон дар ҳолест, ки қазоқҳо ба ин гуна филмҳо ҳассосияти бузург нишон медиҳанд. Чанд сол пеш вақте дар Амрико филми "Борат" офарида шуд ва нақши як рӯзноманигори қазоқ, ки ба нодониву кундфаҳмии худ тамоми ҷаҳонро ба ваҷд овард, Хадамоти амнияти Қазоқистон филмро таҳдид ба амнияти миллии он кишвар хонд ва мақомоти қазоқ намоиши онро манъ карданд.

XS
SM
MD
LG