Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомадҳои таркиш дар нирӯгоҳи Чернобил ҳанӯз пойбарҷост


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, пайомадҳои давомдору ҷиддӣ аз таркиш ва сӯхтор дар нирӯгоҳи барқи атомии Чернобил дар Украина ҳанӯз пойбарҷост. Рӯзи 26-уми апрел ба ин фоҷиа 34 сол пур шуд.

Пас аз инфиҷор дар нирӯгоҳи Чернобил абри радиоактив бахшҳои зиёде аз Украина, Беларус ва Русияро фаро гирифт.

Аз ин фоҷиа дар ҳоле ёдоварӣ мешавад, ки дар 30-километрии минтақаи мамнуъ дар атрофи нирӯгоҳ сӯхтори ҷангалҳо рух дод.

Феълан нигарониҳо дар бораи эҳтимоли паҳн шудани зарраҳои радиоактив ба фазо боло гирифтааст.

XS
SM
MD
LG