Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корхонаи Тоҷикистону Итолиёро дар Хуҷанд баста, 16 коргарашро бистарӣ кардаанд


Корхонаи "Ҷавонӣ" дар Хуҷанд
Корхонаи "Ҷавонӣ" дар Хуҷанд

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Итолиё, машҳур бо номи "Ҷавонӣ", дар шаҳри Хуҷанд аз 20-уми апрел бастааст. Мақомоти идораи тандурустии вилояти Суғд 26-уми апрел гуфтанд, 16 коргари ин корхонаро зери карантин гирифтанд.

Ба гуфтаи як масъули идораи тандурустии вилоят, "шонздаҳ коргари корхонаи "Ҷавонӣ" бо таби баланд бистарӣ карда шуданд. Феълан вазъи саломати онҳо хуб аст".

Рӯзи 25-уми апрел дари корхонаи "Ҷавонӣ" баста буд. Посбонҳо гуфтанд, тақрибан як ҳафта боз корхона фаъолият надорад.

Масъулони корхонаи муштараки Тоҷикистону Итолиё ҳозир нашуданд, ки дар бораи ҷузъиёти бемории ҳамкорони худ суҳбат кунанд.

Дар ин корхона тақрибан ҳазор нафар фаъолият мекунанд ва онҳо то замони карантин ба тавлид ё истеҳсоли либосҳои пахтагӣ машғул буданд.

Ҳафтаҳои охир як гурӯҳ аз коргарон барои содирот ба Итолиё ниқобҳои тиббиву муҳофизатӣ низ омода мекарданд.

То 24-уми апрел дар минтақаҳои карантинии вилояти Суғд 606 кас бистарӣ буда, бино бар поён ёфтани муҳлат 2923 нафар ҷавоб дода шудаанд. Дар бораи он ки чӣ теъдод аз карантиншудаҳо таҳти муолиҷаи давомдор мондаанд, хабар дода намешавад.

XS
SM
MD
LG