Вазъи яке аз табибоне, ки дар вилояти Суғд як бемори “илтиҳоби шуш”-ро муолиҷа мекард, бад шудааст ва ӯро барои дармон ба шифохонаи шаҳри Хуҷанд овардаанд.
Тоир Маметов сокини вилоят Ҳабибулло Шодиевро муолиҷа мекард, ки ӯ рӯзи 31-уми март бо аломатҳои бемории илтиҳоби шуш дар бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов фавтид.
Баъди марги ӯ Тоир Маметовро ҳамроҳ бо 10 табибу парасторе, ки бо бемор тамос доштанд, ба карантини ҳатмӣ фиристоданд.
Алишер Абдукаримов, муовини сартабиби бемористони Ҷаббор Расулов, ки 25-уми апрел аз карантин ҷавоб шуда, ба хонааш мерафт, ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди бад шудани сиҳатии ҳамкораш Тоир Маметов ӯро ба Хуҷанд бурданд ва “саломатиаш имрӯз андаке беҳбуд ёфтааст.”
Бӯстон Маметов, додарзодаи Тоҳир Маметов гуфт, тақрибан як ҳафта мешавад, ки амакаш дар беморхона аст ва бо дастгоҳи нафасгирии сунъӣ хобидааст. Пизишкон ба хешовандонаш гуфтаанд, ки вазъи сиҳатии табиб имрӯз андаке беҳтар шудааст, "вале ба сахтӣ нафас мекашад".
Ба қавли Алишер Абдукаримов, муовини сартабиби бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов, сиҳатии бақияи табибон ва парастороне, ки дар каратин буданд, хуб аст ва ҳамаи он 10 нафарро баъди муоинаи ҳатмии 25-рӯза ба хонаҳояшон ҷавоб доданд.
Ҳабибулло Шодиеви 60-сола рӯзи 31-уми март дар бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов, бо аломатҳои бемории илтиҳоби шуш фавтид.
Аз бемории илтиҳоби шуш фавтидани Ҳабибулло Шодиев, сару садо ва шубҳаву гумон дар бораи сирояти КОВИД-19 дар вилояти Суғдро барангехт, вале мақомот гуфтанд, ки барои эҳтиёт тамоми хешовандони бемор ва табибонеро, ки ӯро муолиҷа мекарданд, барои муоинаи доимии 14 рӯза дар карантин нигаҳ медоранд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар то кунун ягон мавриди сирояти КОВИД-19 сабт нашудааст, вале зиёд шудани теъдоди гирифторони “илтиҳоби шуш” ва фавтидан чанд нафар аз ин беморӣ шубҳаву гумонҳо дар бораи ҳақиқат доштани баёнияҳои мақомотро зиёд кардааст.