Рӯзи 24-уми апрел бо як парвози чартерӣ 351 шаҳрванди Қирғизистонро аз Туркия ба Бишкек оварданд. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ин шаҳрвандон аз ҳамон ибтидои манъи парвозҳои доимӣ байни Туркия ва Қирғизистон, дар интизори парвоз буданд.
Пештар аз ин хабар дода шуда буд, ки ҳамаи шаҳрвандони аз хориҷ баргашта ба карантин гирифта мешаванд. Рӯзи 17-уми апрел низ бо як парвози чартерӣ аз шаҳри Истамбули Туркия 211 шаҳрванди Қирғизистонро баргардонида буданд. Ташхис муайян кард, ки яке аз онҳо гирифтори коронавирус будааст.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки баъди паҳншавии коронавирус, дар саросари дунё бештар аз 4 ҳазор қирғизистонӣ дархости баргаштан ба ватанашонро кардаанд.