Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистону Русия дар Сирдарё нерӯгоҳи хурди обӣ месозанд


Дарёи Сир. Акс аз бойгонӣ.
Дарёи Сир. Акс аз бойгонӣ.

Ширкати "Узбекгидроэнерго" дар ҳамкорӣ бо Русия дар обанбори Сардобини вилояти Сирдарё ба сохтмони неругоҳи нав шуруъ кард.

Ба иттилои ширкати "Узбекгидроэнерго", арзиши умумии тарҳ 21,3 миллион евроро ташкил медиҳад. Ширкати русии "Росэксимбонк" 19,2 млн евро медиҳад ва саҳми Узбекистон дар сохтони он 3,7 млн евро хоҳад буд.

Ширкати русии "Мошинҳои пуриқтидор - ЗТЛ, ЛМЗ, Электросила, Энергомашэкспорт" ҳамчун иҷрогари ин тарҳ инхоб шудааст.

Иқтидори умумии неругоҳи обӣ 10,7 МВт хоҳад буд. Неругоҳ аз ду чарха ё агрегат иборат мешавад, ки солона то 41,1 млн кВт соат барқ истеҳсол мекунанд.

XS
SM
MD
LG