Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишманди 73-солаи тоҷик аз илтиҳоби шуш фавтидааст


Абдуалӣ Тоиров. Акс аз Фейсбук
Абдуалӣ Тоиров. Акс аз Фейсбук

Абдуалӣ Тоиров, донишманди шинохтаи тоҷик дар риштаи физика, 22-юми апрел бар асари бемории илтиҳоби шуш даргузаштааст. Ӯ 73-сола ва мудири Лабораторияи электроникаи квантии Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С.Умаров буд.

Тоиров рӯзҳои ахир дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони машҳур бо номи Якум Советский) дар Душанбе табобат мегирифт.

Донишманди тоҷик яке аз чаҳор нафарест, ки ба қавли мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз бегоҳии 21-уми апрел то 22-юми апрел аз бемории илтиҳоби шуш ҷон доданд. Номи се нафари дигар ошкор нашудааст.

Яке аз ҳамкорони Абдуалӣ Тоиров 23-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро дар зодгоҳаш, деҳаи Симуганҷи ноҳияи Ваҳдат, дафн карданд. “Аз Академияи илмҳои Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ба маросими видоъ наравед. Намедонем, дар чӣ шароит ба хок супурданд. Чанде пеш дар ҷойи кор, дар лаборатория, дида будем, сиҳат буданд, ниқоби тиббӣ доштанд”, - афзуд мусоҳиби мо.

Ҳайдар Алӣ, устоди Донишгоҳи Бангладеш, 22-юми апрел дар Фейсбук навиштааст: "Тоҷикистон инсони беҳтарин, доктори илми физикаю математикаро аз даст дод. Абдуалӣ ваъда карда буд, ки пас аз бартараф шудани хатари КОВИД-19 ҳамроҳи оилааш ба Бангладеш ба меҳмонӣ меояд".

Абдуалӣ Тоиров чанд сол дар намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор кардааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони машҳур бо номи Якум Советский) 155 нафар бистарӣ ҳастанд ва онҳо дар баробари бемории илтиҳоби шуш, бемориҳои дил, фишорбаландӣ, бемории гурда ва қанд доранд.

Фавти чанд нафар дар минтақаҳои кишвар, ки мақомот дар аксари мавридҳо онро ба бемории илтиҳоби шуш рабт медиҳанд, нигаронии сокинонро ба миён овардааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар то кунун ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

XS
SM
MD
LG