Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қодиров сарашро тарошид, зердастон аз ӯ пайравӣ карданд


Видеои Қодиров бо сари тарошида дар Инстаграм нашр шуд
Видеои Қодиров бо сари тарошида дар Инстаграм нашр шуд

Мақомот дар ҷумҳурии Чеченистони Қафқози Шимолӣ аз раҳбарашон Рамазон Қодиров пайравӣ карда, сарашонро покиза тарошиданд. Қодирови 43-сола, ки аз пуштибонии Кремлин бархурдор аст, гуфт, дар шароити маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи коронавирус ва баста будани сартарошхонаҳо, қарор кард, мӯйи сарашро покиза тарошад.

Қодиров аз соли 2007 ба ин сӯ Чеченистонро бо панҷаи оҳаниаш раҳбарӣ карда, тамоми озодиҳои ҷамъиятиву ҳуқуқи инсонро поймол кардааст.

Қодиров, ки инчунин дар Чеченистон ба парастиши шахсияти худаш роҳ додааст, дар як навори видеоӣ, ки 21-уми апрел нашр шуд, бо сари тарошида намоён шуд ва гуфт: "Машварат медиҳам, ки ҳама сарашро тарошад, чун сартарошхонаҳо баста ҳастанд ва дар хона сартароше нест… Гузаштаҳои мо чунин мекарданд ва муҳимтар аз он, расули акрам шаби сешанбе ба чоршанбе чунин мекард”.

Баъди он ки видеои Қодиров дар Инстаграм нашр шуд, бисёр аъзои ҳукумат, ходимони ҳифзи қонун ва дигар намояндагони мақомоти маҳаллӣ аз ӯ пайравӣ карда, акси сарҳои тарошидаашонро дар интернет нашр карданд.

XS
SM
MD
LG