Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Арманистон маросими ёдбуди қурбониҳои кушторҳои соли 1915 барпо намешавад


24 апрели соли 2019, маросими ёдбуди арманиҳои кушташуда дар ҳодисаҳои соли 1915 дар аҳди туркони Усмонӣ
24 апрели соли 2019, маросими ёдбуди арманиҳои кушташуда дар ҳодисаҳои соли 1915 дар аҳди туркони Усмонӣ

Дар Арманистон қарор шуд, ки бо сабаби пандемияи коронавирус маросими ёдбуди куштори арманиҳо дар даврони ҳукмронии туркони Усмониро имсол барпо намекунанд. Эдуард Агаҷанян рӯзи 21 апрел гуфт, ки маросими шамъафрӯзие, ки ҳар сол дар таърихи 23 апрел дар Ереван баргузор мешуд, бекор хоҳад шуд. Бар ивази ин, ба гуфтаи ӯ, дар остонаи таҷлили 105-умин солгарди фоҷеа чароғи кӯчаву хиёбонҳо хомӯш шуда, садои зангӯлаҳои калисо баланд мешавад. Рӯзи дигараш нахуствазир Никол Пашинян ва пешвои калисои католикии Арманистон Гарегин 2 дар маросими гулгузории муҷассамаи қурбониҳои геносид ширкат мекунанд.

Дар Арманистон аз моҳи март бо сабаби бӯҳрони коронавирус ҳолати изтирорӣ амал мекунад.

Маросими ёдбуди қурбониҳои ҳаводиси соли 1915 ба куштору ихроҷи 1,5 миллион арманиҳо аз Анатолиа бахшида шудааст. Дар ҳоле, ки арманиҳо инро наслкушӣ меноманду беш аз 30 давлат инро эътироф кардааст, Туркия, меросбари Императории Усмонӣ бо ин комилан розӣ нест.

XS
SM
MD
LG