Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶБ аз Беларус иҷрои муқаррароти фосилагириро тақозо кард


21 апрел, кӯчае дар Минск, Беларус
21 апрел, кӯчае дар Минск, Беларус

Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз ҳукумати Беларус тақозо кард, маъракаҳои ҷамъиятиро бекор карда тадбирҳоеро ҷорӣ кунад, ки ба фосилагирии инсонҳо аз ҳамдигар ба хотири коҳиши паҳншавии коронавирус равона шуда бошад. Машваратҳои СҶБ рӯзи 21 апрел бар асоси сафари ошноии моҳи ҷории гурӯҳи мутахассисони ин созмон ба Беларус нашр шуд. Дар изҳорот омадааст, ки шумори мубталоён босуръат зиёд мешавад ва то 21 апрел дар ин кишвар 6724 олудашуда ва 55 ҳодисаи марг ба қайд гирифта шудааст. Вале бо ин вуҷуд, президенти худкома Аляксандр Лукашенка таҳдиди паҳншавии Ковид-19-ро як “ҷунуни ҳамагонӣ” номида гуфтааст, ки ҳеҷ зарурате барои чораҳои шадиди пешгирикунанда вуҷуд надорад. Ба фарқ аз дигар кишварҳои аврупоӣ, дар Беларус фурӯшгоҳу тарабхонаву корхонаҳои истеҳсолӣ бо нирӯи тамом кор мекунанд ва тамошобинон ба дидани бозиҳо ба варзишгоҳ мераванд. Рӯзи 19 апрел мардуми ин кишвар дар намози Иди Пок дар калисоҳо ҷамъ омаданд.

XS
SM
MD
LG