Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллии Қазоқистон гирифтани пули нақдро аз суратҳисоби бонкӣ маҳдуд кард


Бинои Бонки миллии Қазоқистон.
Бинои Бонки миллии Қазоқистон.

Бонки миллии Қазоқистон рӯзи 21-уми апрел дарёфти асъори нақдро аз суратҳисоби бонкӣ барои шахсони ҳуқуқӣ маҳдуд кард. Қарор дар сомонаи бонк нашр шуд. Дар он омадааст, ки ин маҳдудият аз 1-уми июни имсол ҷорӣ мешавад.

Намояндаи Бонки миллӣ нагуфт, ки ин тасмим бо чӣ ҳадафе рӯи даст гирифта шудааст, аммо дар ҳафтаҳои охир дар робита ба коронавирус мақомоти Қазоқистон талош доранд, доду гирифти ғайринақдиро бештар кунанд.

Ба ширкатҳои тиҷорати хурд иҷозат мешавад, ки дар моҳ то 20 млн танга (наздики 46 ҳазор доллар), ба ширкатҳои тиҷорати миёна то 120 млн танга (наздики 270 ҳазор доллар) ва ба ширкатҳои тиҷорати бузург 150 млн танга (347 ҳазор доллар) аз суратҳисоби бонкиашон бигиранд.

Ин маҳдудият ба афрод ва ширкатҳои зер рабт нахоҳад дошт:

шахсони воқеӣ;

соҳибкорони инфиродӣ;

ширкатҳо-корхонаҳои хурд;

шахсони ҳуқуқие, ки ба хариди маҳсулоти кишоварзӣ ва моҳӣ машғуланд;

ба шахсони ҳуқуқие, ки ба тиҷорати маҳсулоти ғизоӣ, нушоба, дору ва таҷҳизоти тиббӣ машғуланд.

XS
SM
MD
LG