Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 6700 гирифтори COVID-19 дар Белорус. Мардум ба омор бовар надоранд


Белорус аз ҷумлаи кишварҳоест, ки барои пешгирӣ аз густариши коронавирус "карантин" ҷорӣ накардааст. Ба шаҳрвандон шустани дасту пӯшидани ниқоби тиббӣ тавсия дода мешавад, аммо ягон чораи маҳдудкунанда нест. Дарс дар мактабҳо дубора оғоз шуда, мусобиқаи ҷаҳонии футбол ҳам баргузор мешавад ва омодагиҳо ба ҷашни Ғалаба идома дорад.

Ин ҳама дар ҳолест, ки бино ба иттилои расмӣ то 22-юми апрел дар Белорус 55 нафар аз коронавирус фавтида, беш аз 6700 нафар сироят шудаанд.

Вазорати тандурустии Беларус омори нави гирифторони коронавирусро дар чанд рӯзи ахир эълон накард. Шубҳа ва нобоварии журналистон ва сокинони одӣ дар ин кишвар ба иттилои расмӣ дар робита ба вирус ҳарчӣ бештар мешавад.

Аз оғози сирояти бемории коронавирус Вазорати тандурустии Белорус дар эълону нашри омору иттилоъ мушкил дошт. Дар нишасти хабарии 14-уми апрел Елена Богдан, муовини вазири тандурустии ин кишвар, эълон кард, ки ҳамарӯза аз 340 то 360 мавриди гирифторӣ ба КОВИД-19 сабт мешавад ва ин рақамҳо “тағйир намеёбанд”.

Ӯ ҳадс зада буд, ки чунин вазъ то ду - се ҳафтаи дигар идома хоҳад кард. Вале пас аз як рӯзи он, дар Белорус 447 ҳолати нав ва рӯзи 16-уми апрел 575 мавриди гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуд. Баъдан Белорус дар ин самт аз Украина пеш гузашт.

Украина бо вуҷуди роҳандозии чораҳои шадид барои пешгирӣ аз беморӣ, аз нигоҳи гирифторӣ ба коронавирус дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ дар ҷойи дувум қарор дошт.

Баъд аз ин Вазорати тандурустии Белорус 3 рӯз умуман омори гирифторонро нашр накард. Танҳо рӯзи 20-уми апрел вазорат бо нашри омори нав иқрор кард, ки дар ду рӯз беш аз 500 нафар ба бемории КОВИД-19 сироят шудаанд.

Аммо замоне ки вазорат хомӯшӣ ихтиёр карда буд, президент Александр Лукашенко дар маросими Иди Пок дар Минск ширкат кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯҳониён аз сокинони Белорус хоҳиш карда буданд, дар рӯзҳои ҷашн ба калисо нараванд.

Лукашенко дар калисо таъкид кард, ки тасмими худро дар бораи коронавирус ва бекор кардани карантин дуруст мешуморад. "Фикр намекунам, ки ягон иштибоҳе кардаем. Ҳоло. Мумкин аст, ҳар кор шавад. Фикр кардам, ки зиндагии Шумо дар дасти худатон аст ва беҳтар онро идора мекунед. Беҳтар аз ман."

Президенти Белорус ҳамчунин ба сокинон аз як роҳи табобати коронавирус тавассути нури офтоб гуфт ва даъват кард, ки дар хона нанишинанду барои "ҳавохӯрӣ" ба берун раванд.

Замоне ки сирояти коронавирус нав шуруъ шуда буд, Лукашенко барои пешгирӣ аз вирус ба мардум тавсия дод, ки саривақт хӯроки наҳорӣ ва нисфирӯзиву шом бихӯранд, шустушӯ кунанд ва шароб нӯшанд. Баъдан, вақте шумори гирифторон дар кишвар бештар шуд, ӯ эълон кард, ки дар Белорус "касе аз коронавирус нафавтидааст ва нахоҳад фавтид".

Президент ҳатто нисбат ба онҳое ҳам, ки аз сирояти коронавирус мефавтиданд, ҳарфҳои нохушоянд мегуфт. Вай дар шарҳи марги ҳунарманд Дашкевич гуфтааст: "Ӯ қариб 80-сола буд, чаро дар ин кӯча сайругашт мекард ва боз ба кор рафта меомад".

Ҳафтаҳои ахир дар Белорус дар бораи бархӯрди Вазорати тандурустӣ бо коронавирус сару садоҳо зиёд аст. Аксарият ба ин фикранд, ки ин ниҳод ё омори аслиро пинҳон медорад ё махсус онро ба шакли дигар пешниҳод мекунад, то одамонро роҳгум занонад.

Хабарнигорон чанд дафъа аз номушаххасӣ дар оморҳои Вазорати тандурустӣ нигаронӣ кардаанд.

Дмитрий Наришкин ҳаҷвнигори Белорус дар ин бора шӯхиомез навиштааст: "Вазорати тандурустии Белорус дар ҳисобу китоби гирифторони коронавирус ба мушкили сахт рӯбарӯ аст. Оморе, ки вазорат нашр мекунад, баъзан ба омори як рӯзи пеш аслан мувофиқат намекунад. Пешниҳод дорам, маблағ ҷамъ орем ва ба ин ниҳод ҳисобкунак бихарем".

Дар асл, ба гуфтаи Наршикин, маблағи ҷамъоварда на барои хариди ҳисобкунак ба мансабдорон, балки барои харидани маводи зарурии тиббӣ сарф мешавад.

Вазорати тандурустии Белорус дастур дод, аз 16-уми апрел беморони пневмония дар хона табобат гиранд. Вале теъдоди гирифторони ин бемориҳо ҳам гуфта намешавад.

Иттиҳодияи журналистони Белорус ҳанӯз дар моҳи март аз мақомот дархост карда буд, дар бораи коронавирус ба мардум иттилои дақиқ пешниҳод кунанд ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоъро нақз нанамоянд. Ин муроҷиатҳо ҳам натиҷа надод.

Дар расонаҳои давлатӣ дар бораи коронавирус боэҳтиёт сӯҳбат мекунанд ва бештар дар бораи он иттилоъ медиҳанд, ки кишвар “бо ниқоб пурра таъмин аст” ва “сатҳи хизматрасонии табибон хуб аст”.

Бо ин ҳама аксар сокинони кишвар аз эҳтиёт кор мегиранд. Онҳо кам ба берун мераванд ва дар кӯча аз ҳам якдигар дур меистанд. Қаҳвахона ва тарабхонаҳо ба далели набуди муштарӣ муваққатан баста шудаанд.

Рӯзи 20-уми апрел пас аз бекор кардани каранатини дуҳафтаина, хонандагон дар Белорус ба чоряки чаҳорум шуруъ карданд. Албатта, волидон расман ҳақ доранд, фарзандонашонро ба мактаб набаранд. Анна Северинетс, ки ду фарзанди мактабхон дорад, мегӯяд, тасмими мақомот барои баргаштани кӯдакон ба мактаб аксар волидонро "шок" кард. Аксарият бо пешниҳоди ариза ба маъмурияти мактаб гуфтаанд, дар дарсҳо ширкат нахоҳанд кард.

"Дар шароите, ки омори гирифторон ба вирус бештар мешавад, тасмими мақомот барои баргардонидани кӯдакон ба мактаб ғайриинтизор буд. Касе чунин тасмимро интизор надошт ва ҳама дар ҳайрат монд. Ман худамро гум кардам, то ҳанӯз дар чунин ҳолат қарор дорам", - гуфт Анна Северинетс.

Бино ба оморҳо дар Белорус беш аз 400 табиб сироят шудаанд. Ҳукумат ваъда дод, ки аз нигоҳи молӣ онҳоро дастгирӣ хоҳад кард. Вале кумаки аслиро ба кормандони тиб на мақомот, балки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мерасонанд. Онҳо бо роҳандозии як маъракаи махсус барои таъмини табибон бо маводи зарурӣ маблағ ҷамъ меоранд.

Баъзе аз тарабхонаҳо иқдом гирифтанд, ки барои духтурон хӯрок омода мекунанд. Тоҷирон ҳам ба табибон кумак мекунанд. Бо дидани ин ҳама, сокинони Белорус дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳамдигар мепурсанд, "кишваре, ки ҳатто шумори беморонро муайян карда наметавонад, ба чӣ дард мехӯрад?"

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG