Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносони ҳуқуқи башари СММ аз ҳукми қатли як ноболиғ дар Эрон “шок шуданд”


Эрон. Ходимони полис арғамчинро барои ташкили доровезӣ омода мекунанд
Эрон. Ходимони полис арғамчинро барои ташкили доровезӣ омода мекунанд

Коршиносони ҳуқуқи башари СММ мегӯянд, аз шунидани хабари иҷрои ҳукми қатли як ноболиғи дигар дар Эрон, ки нақзи қонунҳои байналмилалӣ аст, “шок шудаанд”.

Ҷавайд Раҳмон ва Агнес Каламард дар изҳороте гуфтанд, Шоён Саидпур замоне, ки барои куштор бо ҳамла ба корд ба қатл маҳкум шуд, 17-сол дошт. Ӯро рӯзи 21 апрел дор овехтанд.

Коршиносони СММ изҳори нигаронӣ карданд, ки Эрон дар робита бо шӯришҳои ахир дар зиндонҳо метавонад даст ба иҷрои ҳукмҳои бештари қатл бизанад ва яке аз онҳо ҳам метавонад як ноболиғ бошад.

Коршиносони СММ гуфтанд: “Мо борҳо ба ҳукумат ва низоми додгустарии Эрон борҳо ёдовар шудаем, ки қонунҳои ҳуқуқи башар хеле рӯшан ва мушаххасанд: иҷрои ҳукми қатл дар нисбати кӯдак қатъиян манъ аст ва ин таҷриба нақзи дағалонаи ҳуқуқ ба зиндагӣ мебошад”.

Саидпур октябри соли 2018 дар куштор айбдор ва ба марг маҳкум шуд. Соли 2019 Додгоҳи олии Эрон ин ҳукмро тасдиқ кард.

Коршиносон ҳамчунин аз гузоришҳое нигарон шуданд, ки мегӯяд, додситонҳо хонаводаи қурбониро ташвиқ мекарданд, ки ҳукми қатлро ба унвони хунбаҳои қурбониашон талаб бикунанд. Қонунҳои Эрон мегӯяд, оилаи қурбонӣ метавонад хунбаҳои ҷуброни кушторро талаб кунад ваё гуноҳи ҷинояткорро бибахшад.

Дар пасманзари паҳншавии коронавирус дар Эрон, ки то ҳол 5300 сокини маҳаллиро куштааст, мақомот моҳи март тахминан 100 ҳазор маҳбусро муваққатан озод карданд. Саидпур яке аз даҳҳо зиндоние буд, ки охири моҳи март дар паи ошӯбҳо дар зиндон фирор кард, вале 3 апрел дубора боздошт ва ба зиндон рафт. Коршиносони СММ ҳарос доранд, ки мақомоти эронӣ омилони ошӯбҳои зиндонро аз роҳи шиканҷаву бадарфторӣ азият мекунанд.

XS
SM
MD
LG