Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карантини мардумӣ дар деҳаҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов. ВИДЕО


Навбатдорон дар даромадгоҳи ду деҳаи ноҳияи Ҷаббор Расулов
Навбатдорон дар даромадгоҳи ду деҳаи ноҳияи Ҷаббор Расулов

Сокинони деҳаҳои Зарафшон ва Тоҷикобод дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар наздикии марз бо Қирғизистон, барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус посгоҳи мардумӣ ташкил кардаанд. Онҳо даҳ рӯз боз рафтуои мусофирон ва мошинҳоро танзим мекунанд.

Ин тасмим пас аз марги Ҳабибулло Шодиев ва Ҳоҷимуҳаммад Тошев, сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов, рӯйи даст гирифта шуд. Мақомот гуфтанд, Шодиев ва Тошев бар асари илтиҳоби шуш ё пневмония фавтиданд.

Дар деҳаҳои Тоҷикобод ва Зарафшон 15 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Карантини мардумӣ дар деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:47 0:00

Мирзо Ализода, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, рӯзи 21-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, харҷи навбатдорон аз ҷайби мардум пардохта мешавад.

"Азбаски деҳаи Тоҷикобод ва Зарафшон бо Қирғизистон ҳаммарз ҳастанд, мардум аз рафтуои афроди мубтало ба вирус хавф доранд. Намегузоранд, ки одамони бегона ва ё мошинҳои дезинфексия нашуда вориди деҳа шаванд", - илова кард ӯ.

Ализода мегӯяд, дар посгоҳҳо мошинҳоро нигоҳ дошта, бо "хлор" дезинфексия мекунанд: "Дар даромадгоҳи деҳаҳо чанд гилеми хлордор ҳам гузоштаанд, ки ҳангоми гузаштан чархи мошинҳо безарар гардонда мешаванд".

Мардум мегӯянд, пас аз фавти сокини деҳаи Сомониён (Узбекмаҳалла) Ҳабибулло Шодиеви 60-сола дар беморхонаи ноҳия ва зери карантин гирифта шудани пайвандонаш чораҳои пешгириро рӯи даст гирифтанд.

Рӯзи якшанбеи гузашта 18 узви оилаи Шодиев ба манзилашон баргаштанд.

Дар ин миён, сокини деҳаи Зарафшон Ҳоҷимуҳаммад Тошеви 60-сола, ки аз охири моҳи март дар карантин буд, низ даргузашт.

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар касе ба коронавирус сироят нашудааст, вале бо тағйири ҳарорат ва сардии ногаҳонии чанд рӯзи пеш гирифторӣ ба илтиҳоби шуш авҷ гирифтааст.

Бархе аз коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бемориро яке шаклҳои зуҳури КОВИД-19 мешуморанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз аввали моҳи феврал то 20-уми апрел беш аз 8 ҳазору 200 нафарро зери карантин гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG