Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати тоҷикон дар Амрико ниқоби тиббии бепул тақсим мекунад


Масъулони ширкат гуфтанд, омодаанд ба тоҷикони муқими Амрико низ бепул ниқобҳои тиббӣ дастрас кунанд
Масъулони ширкат гуфтанд, омодаанд ба тоҷикони муқими Амрико низ бепул ниқобҳои тиббӣ дастрас кунанд

Як ширкати м утааллиқ ба зодагони Тоҷикистон дар Вашингтон, пойтахти Амрико, ба дӯхтани ниқобҳои тиббӣ пардохтааст ва онро бепул ба хонаи пиронсолон ва бемористонҳои ин кишвар тақдим мекунад.

Ширкати "ТМ Интернешнл Груп"-ро, ки дар Вашингтон ва инчунин шаҳри Торонтои Канада амал мекунад, тоҷикон таъсис додаанд. Ширкат дар бахши маориф фаъолият дорад.

Мушаррафа Абдуллоева, як масъули ширкат, рӯзи 21-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Ҳар рӯз аз 1000 то 1500 ниқоби тиббӣ омода мекунем ва ба хонаи пиронсолон ва шифохонаҳо ройгон медиҳем. Дар 3 рӯзи охир садҳо ниқобро ба Маркази тандурустии шаҳри Арлингтон ва хонаи пиронсолон дар Арлингтон ва Александриа ба воситаи намояндаи расмии тандурустии ин шаҳр расондем".

Масъулони ширкат мегӯянд, омодаанд ба тоҷиконе, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, низ ройгон ниқоби тиббӣ дастрас кунанд.

Ширкат ҳамчунон дар дафтари худ дар Канада айни чунин корро анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG