Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи як бушка нафт дар Амрико аз як доллар камтар шуд


Як киштии нафткаш. Акс аз бойгонӣ.
Як киштии нафткаш. Акс аз бойгонӣ.

Дар пайи коҳиши талабот ба нафт бинобар паҳн шудани коронавирус, қимати нафт дар Амрико рӯзи душанбеи 20-уми апрел назар ба рӯзи ҷумъаи 17-уми апрел то 300 дарсад арзон шуд ва дар бархе ҳолатҳо то ҳадди 37 доллар суқут кард, ки дар таърихи ин кишвар бесобиқа будаст.

Поин омадани қимати нафти Амрико ба зери сифр ба ин маъно аст, ки фурӯшандагон ва тавлидкунандагони амрикоӣ бояд ба муштариёни худ маблағе ҳам бидиҳанд, зеро махзанҳои захираи нафт ҳам то чанд рӯзи дигар лабрез хоҳанд шуд.

Сабаб ин аст, ки коргоҳҳои захираи нафти Амрико дар ҳоли пур шудан аст ва нафти зиёдатии тавлидшудаи кишвар на фурӯш меравад ва на имкони захира кардани он ҳаст ва нигаҳдории он ба дарди сар барои тавлидкунандагон табдил шудааст.

Захираи нафт дар киштиҳои нафткаш низ хароҷоти зиёд дорад ва тавлидкунандагони амрикоӣ ҳоло на танҳо омодаи додани ройгони нафт ҳастанд, ҳатто пешниҳод мекунанд, ки пуле пардохт кунанд то муштариён борро соҳибӣ карда, хароҷоти нигаҳдорӣ ва интиқоли онро худ бар ӯҳда бигиранд.

Қимати нафти Амрико дар авоили рӯзи душанбе 17 доллар буд.

Бар асоси баровардаҳои Оҷонсии байналмилилии энержӣ, бо паҳн шудани коронавирус ва карантин шудани ниме аз мардуми ҷаҳон, талабот дар ҷаҳон ба нафт ҳамакнун ҳудуди 30 миллион бушка дар рӯз ё 30 дарсад, коҳиш ёфтааст.

ОПЕК ва кишварҳои ҳампаймон ба раҳбарии Русия ахиран ба созиш расиданд, ки тавлиди рӯзонаи худро барои моҳҳои май ва июн 9,7 миллион бушка кам кунанд.

Амрико, Норвегия, Канада ва бархе дигар аз кишварҳои тавлидкунандаи нафт низ ӯҳдадор шудаанд, ки тавлидашонро 3,7 миллион бушка коҳиш диҳанд ва 20 иқтисоди бузурги ҷаҳон низ ваъда додаанд, ки 200 миллион бушка нафти захирашударо дар ду моҳи оянда харидорӣ мекунанд.

Ба ин тартиб, интизор меравад дар моҳҳои май ва июн рӯзона наздик ба 20 миллион бушка, баробари 20 дарсад аз талаботи ҷаҳонӣ, аз бозорҳо ҳазф шавад. Ҳанӯз маълум нест, кишварҳое, ки ӯҳдадор шуданд тавлиди нафтро кам мекунанд, то кадом андоза ба ваъдаҳояшон вафо хоҳанд кард.

Дар ин миён хабаргузории "Рейтерз" бо такя ба манбаъҳои огоҳ гузориш додааст, ки ҳукумати Русия ба ширкатҳои нафтии ин кишвар дастур додааст, то тавлиди нафтро нисбат ба моҳи феврал 20 дарсад коҳиш диҳанд.

Тавлиди нафти Русия дар моҳи феврла 11,29 миллион бушка буд ва агар 20 дарсад тавлидашро коҳиш диҳад, тавлиди моҳи май ва июн дар ин кишвар 9 миллион бушка дар рӯз хоҳад буд.

Бар асоси созиши ОПЕК ва кишварҳои ҳампаймон, Русия ӯҳдадор шуда буд тавлиди худро дар моҳҳои май ва июн ҳудуди 23 дарсад ба сатҳи тавлиди октябри 2018 коҳиш диҳад ва ба 8,5 миллион бушка дар рӯз бирасонад.

Тибқи тахминҳои Оҷонсии байналмилалии энержӣ, интизор меравад талабот дар ҷаҳон ба нафт дар тирамоҳ ва зимистон афзоиш ёбад. Дар умум, талабот ба нафти хом дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта рӯзона ба таври миёна 9,3 миллион бушка коҳиш меёбад.

XS
SM
MD
LG