Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи журналисти рус Прокопйева мавқуф гузошта шуд


Маскав. Як тарафдори Прокопйева аксу навиштаҷотеро ба ҳимояи журналист гумонбар дар терроризм намоиш медиҳад
Маскав. Як тарафдори Прокопйева аксу навиштаҷотеро ба ҳимояи журналист гумонбар дар терроризм намоиш медиҳад

Дар Псков рӯзи 20 апрел Додгоҳи дуюми ҳавзавии ҳарбӣ дар ҷаласаи сайёраш қарор кард, ки баррасии парвандаи ҷиноии зидди журналист Светлана Прокопйева, ки дар сафедкунии терроризм айбдор мешавад, боздошта хоҳад шуд. Дар ин бора хабарнигори Север.Реалии. гузориш дод. Ба иттилои ин манбаъ, муҳокимаи парвандаи Прокопйева худи имрӯз шурӯъ ва боздошта шуд. Вакили дифоъ Виталий Черкасов гуфт, ки муҳокима “то замони ба эътидол омадани вазъи санитарию эпидемиологӣ дар кишвар”, ки бо сабабаи пандемияи коронавррус ҷорӣ шудааст, мавқуф гузошта шуд.

Светлана Прокопйеваро дар сафедкунӣ ва таблиғи терроризм гунаҳгор мекунанд. Парванда бар асоси барномаи ӯ дар шабакаи “Эхо Москвы в Пскове» боз шудааст. Дар ин барнома журналист назари худро дар бораи сабабҳои ҳамлаи терористӣ ба раёсати ФСБ дар Архангелск баён карда буд. Ӯ дар ин барнома тахмин кард, ки эҳтимолан рафтори Михаил Жлобитский, ки дар таркиш кушта шуд, натиҷаи сиёсати мақомот будааст.

Ба ҳимояи Прокопйева журналистону ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия ва хориҷ аз он садо баланд карданд. Рӯзи 1 октябр беш аз 50 нашрияи мустақили Русия маъракаи пуштибонӣ аз Прокопйеваро барпо карда ба шакли хаттиву видеоӣ номаи бози ӯро нашр карданд, ки “Ҳафт сол бар ивази ду саҳифа матн” ном гирифт.

XS
SM
MD
LG