Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди карантин ва ҷоришавии бархе навгониҳо дар Узбекистон


Назди донишкадаи шарқшиносии шаҳри Тошканд
Назди донишкадаи шарқшиносии шаҳри Тошканд

Дар Узбекистон бархе маҳдудиятҳои марбут ба карантин се ҳафтаи дигар тамдид шуд. Дар изҳороти вазорати адлияи Узбекистон гуфта шудааст, ки қарор буд маҳдудиятҳо рӯзи 20 апрел ба охир расад, вале акнун то 10 май тамдид мешавад. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки фурӯши бархе маводи ғайриғизоӣ тавассути фурӯшгоҳҳои сайёр иҷоза дода мешавад. Аз 24 март дар Узбекистон ба истиснои ғизофурӯшиҳо тамоми дигар нуқтаҳои тиҷоратӣ баста шудаанд. Инчунин ба пиронсолон нафақа ба кортҳои бонкиашон бидуни пардохти андоз фиристода мешавад. Муқаррароти нав ин аст, ки тамоми ронандаҳои таксӣ ва мошинҳои хусусии кирокаш танҳо бо ниқоб, дастпӯш ва дигар маводи муҳофизатӣ ҳақи кор кардан доранд.

Дар як қарори дигар хориҷиҳои дар Узбекистон бо сабаби карантин дармонда огоҳонида шуданд, ки визаашон ба таври автоматӣ то 1 июн тамдид мешавад. Дар изҳороти мақомоти Узбекистон гуфта мешавад, ки то 20 апрел дар ин кишвар шумори гирифторони вирус 1565 нафар, аз ҷумла 5 ҳодисаи марг сабт шудаст.

Дар Қазоқистони ҳамсоя рӯзи 20 апрел ба иловаи корхонаҳои саноатӣ, инчунин бахши сохтмон, нақлиёт, хадамоти автомобилӣ, нуқтаҳои таъмири дастгоҳҳои электронӣ, бархе бонкҳо ва хадамоти нотариалӣ кори худро тадриҷанд аз сар гирифтанд. Дар ин кишвар вазъи фавқулодда то 30 апрел амал мекунад.

XS
SM
MD
LG