Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон Амрикоро дар пахши иттилои “дурӯғин” айбдор кард


Киштиҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи 15 апрел фаъолиятҳои хатарноке дар назди киштиҳои амрикоӣ анҷом медиҳанд
Киштиҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи 15 апрел фаъолиятҳои хатарноке дар назди киштиҳои амрикоӣ анҷом медиҳанд

Баъди он ки Вашингтон дарёнавардони эрониро дар озори киштиҳои амрикоӣ айбдор кард, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ИМА-ро дар пахши хабари дурӯғини марбут ба вазъ дар Халиҷи Форс гунаҳгор намуд. Рӯзи 19 апрел дар изҳороти интернетии Сипоҳи посдорон гуфта шуд: “Мо ба амрикоиҳо машварат медиҳем, ки муқаррароти байналмилалӣ ва протоколҳои баҳриро дар Халиҷи Форс ва баҳри Уммон риоя карда ҳама гуна моҷароҷӯӣ ва гузоришҳои дурӯғинро нашр накунанд”. Сипоҳи посдорон ҳушдор дод, ки “ҳама гуна муҳосибаи иштибоҳӣ посухи қотеъ дарёфт хоҳад кард”. Нирӯҳои баҳрии Амрико гуфтанд, ки рӯзи 15 апрел 11 дарёнаварди Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар обҳои Халиҷ ба киштиҳои амрикоӣ “рӯйкарди хатарнок ва озордиҳанда анҷом доданд”. Дар замоне, ки ин ҳодиса рух дод, киштиҳои амрикоӣ дар обҳои байналмилалӣ бо тамрин машғул буданд. Дар баёнияи эрониҳо гуфта шуд, ки нирӯҳои сипоҳи посдорон машқ мекарданд ва бо “амалкарди ғайрикасбӣ ва таҳрикдиҳанда”-и киштиҳои амрикоӣ рӯбарӯ шуданд. Баъди дар моҳи январ дар Ироқ аз ҷониби ИМА тавассути дрон кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯҳои Қудс, равобити бе ин ҳам дучори мушкили ИМА ва Эрон боз ҳам сангинтар шудааст.

XS
SM
MD
LG