Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро сабуктар мекунад


Дар як беморхонаи наздикиҳои Милан табиб бо бемори коронавирус хаттӣ муошират мекунад
Дар як беморхонаи наздикиҳои Милан табиб бо бемори коронавирус хаттӣ муошират мекунад

Дар паи чандин ҳафтаи маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус, ки то ҳол дар қораи Аврупо наздики 100 ҳазор нафарро куштааст, бархе давлатҳои аврупоӣ зери фишори мушкилоти эҷодшудаи иқтисодӣ талош доранд маҳдудиятҳро сабуктар бикунанд. Дар Олмон ҳамоно таҳти назорати шадид бархе фурӯшгоҳҳои хурд ва миёнаҳаҷм рӯзи 20 апрел дарҳои худро боз мекунанд. Ворид шудан ба фурӯшгоҳҳо танҳо бо риояи фосила иҷоза ҳаст. Дар кишварҳои хурдтари дигари аврупоии Швейсария, Дания ва Финляндия фурӯшгоҳу мактабҳо боз шуда Белгия, Юнон ва Португалия гуфтанд, ки нақшаи аз моҳи май дубора фаъол кардани иқтисодашонро амалӣ мекунанд. Дар Ҷумҳурии Чех аз имрӯз фурӯшгоҳҳои хурд тадриҷан боз мешаванд. Суръати маргумири одамон бар асари Ковид-19 дар Аврупо дар ҳоли кам шудан мебошад. Дар Итолиё мақомот дар фикри дубора боз кардани бархе нуқтаҳои тиҷоратӣ ҳастанд ва ҳукумати Рум аз ин назар таҳти фишори мақомоти минтақавӣ аст. Дар ИМА ҳам фишори монанд ба ин вуҷуд дорад. Президент Доналд Трамп, бархе раҳбарони иёлот ва чанд ҳазор эътирозгар бар зидди муқаррароти хонашинӣ раҳпаймоӣ карданд. Ҳафтаи гузашта президенти ИМА Доналд Трамп нақшаи сезинаии азсаргирии фаъолияти иқтисодии кишварро пешниҳод кард.

XS
SM
MD
LG