Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани 16 нафар дар ҳамлаи мусаллаҳона дар Канада


Пулиси Канада ҳини амалиёти аз байн бурдани фарди ҳамлавар. 19 апрел, 2020.
Пулиси Канада ҳини амалиёти аз байн бурдани фарди ҳамлавар. 19 апрел, 2020.

Дар ҷараёни тирандозиҳои як марди мусаллаҳ дар вилояти Nova Scotia-и Канада, ҳадди ақал 16 нафар кушта шуданд. Ин хунинтарин ҳамлаи мусаллаҳона аз соли 1989 ба ин тараф дар Канада аст. Дар ин ҳамла як корманди пулис низ кушта шудааст.

Пулис мегӯяд, ки фарди ҳамлавар либоси пулис ба тан дошт ва ҳатто мошини худро низ ба шакли мошини пулис ранг карда буд. Як мақоми баландпояи пулиси Канада рӯзи 19-уми апрел ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфтааст, ки Габриел Вортмани 51-сола дар нуқтаҳои мухталифи ин вилоят 16 нафарро ба ҳалокат расонд. Мақомот мегӯянд, ки фарди гумонбар низ кушта шудааст.

Бино бар гузоришҳо, ҷасади шуморе аз кушташудаҳо дохил ва хориҷи хонае дар шаҳри хурди Портапик, дар 100 километрии Ҳалифакс пайдо шудааст. Мақомот гуфтанд, ки пулиси кушташуда Ҳейди Стевенсон ном дорад ва модари ду фарзанд мебошад ва 23 сол собиқаи хизмат доштааст. Як корманди дигари пулис дар ин ҳамла захмӣ шудааст.

Пулиси Канада мегӯяд, ҳеҷ робитаи байни ҳамлагар ва шуморе аз ҷонбохтагон пайдо накардааст ва ҳанӯз намедонад сабаб ё ангезаи ин ҳамлаи хунин ва бесобиқа дар 30-соли гузашта, чист.

Дар ин вилоят ба монанди дигар минтақаҳои Канада бинобар паҳншавии коронавирус, маҳдудиятҳои рафтуомад ҷорӣ шудааст.

Nova Scotia дар соҳили ҷануб-шарқии Канада ҷойгир аст ва шаҳри Ҳалифакс маркази он мебошад. Масоҳати ин вилоят ҳудуди 55 ҳазор километри мураббаъ аст ва камтар аз 1 миллион аҳолӣ дорад.

Ба назар мерасад, ки ин рухдод бадтарин ҳодисаи тирандозӣ дар Канада аз замони кушта шудани 15 зан дар Монтреал дар декабри соли 1989 бошад. Моҳи январи соли 2017 низ бар асари ҳамла ба як маркази исломӣ дар ин кишвар, 6 тан ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG