Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон дучархарониро манъ карданд


Марде савори дучарха дар Фарғона. Акс аз бойгонӣ
Марде савори дучарха дар Фарғона. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Узбекистон бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавирус муваққатан дучархарониро дар кишвар манъ карданд. Аммо истисноӣ ба онҳое, ки аз хона то ҷойи кор бо дучарха мераванд, ба истифодаи он иҷозат доданд.

Шоҳрух Ғиёсов, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Узбекистон рӯзи 17-уми апрел гуфт, ҳар касе ба кор бо дучарха меравад, бояд шиноснома, санад аз ҷойи кор ва номае аз корфаромо дошта бошад, ки ҳузурашро дар замони карантин дар ҷойи кор зарурӣ донад.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон то 18-уми апрел дар ин кишвари Осиёи Марказӣ гирифтории 1450 нафар ба коронавирус тасдиқ шуда, 4 нафар фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG