Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киеву ҷудоиталабони рӯ ба Русия 34 зиндониро раҳо карданд


Саҳнаи табодули ахири зиндониҳо дар посгоҳи Майорское дар минтақаи Донетск. 16 апрели соли 2020
Саҳнаи табодули ахири зиндониҳо дар посгоҳи Майорское дар минтақаи Донетск. 16 апрели соли 2020

Украина ва ҷудоиталабони мавриди ҳимояти Русия дар остонаи таҷлили Иди Поки православӣ табодули 34 зиндониро анҷом доданд. Дафтари президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 16 апрел гуфт, ки 20 украинии зиндонӣ дар маҳбасҳои ҷудоиталабон ба Киев баргаштанд. Ҷудоиталабон ҳам гуфтанд, ки Киев 14 нафарро раҳо кард. Ҳафтаи гузашта аъзои Украинаву Русия дар Гурӯҳи сегонаи тамос гуфтанд, ки дар остонаи Иди Пок, ки 19 апрел таҷлил мешавад, як даври дигари табодули зиндониҳоро ба роҳ мемонанд.

Ҳейдӣ Грау, намояндаи вижаи САҲА дар Гурӯҳи сегонаи тамос изҳори умедворӣ кард, ки ин иқдом барои тақвияти эътимод миёни ҷонибҳо мусоидат мекунад.

Равобити Русияву Украина аз соли 2014, замони суқути ҳукумати русиягарои Виктор Янукович пуртаниш боқӣ мемонад. Русия нимҷазираи Қримро ишғол ва дар шарқи Украина ҷудоиталабонро дар низоъҳои мусаллаҳонаи зидди ҳукумати Киев пуштибонӣ кард. Аз он замон то ҳол дар ҷангҳои Донбас 13200 нафар кушта шуданд ва ҷанг то ҳол идома дорад.

Зеленский, ки порсол президенти Украина интихоб шуд, ваъда дод, ки ба ҷанг хотима медиҳад ва то моҳи декабр ду даври табодули зиндониҳоро ба роҳ монд. Моҳи март дар як изҳороташ дабири кулли СММ Антонио Гутерреш аз ҷонибҳои даргир дар Украина даъват кард, ки бахусус дар давраи пандемияи коронавирус мухолифатҳоро хотима диҳанд.

XS
SM
MD
LG