Владимир Путин, президенти Русия эълом кард, ки таҷлили 75-солагии Пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ба вақти дигар гузошта мешавад. Ин маърака ҳамасола 9-уми май таҷлил мегардид. Ба гуфтаи Путин, "хатарҳои марбут ба вабо ҳанӯз пушти сар нашудаанд".
"Мо хатарҳои коронавирусро рафъ мекунем ва он замон ҳатман чорабиниҳои марбут ба Пирӯзиро таҷлил мекунем",-гуфт Путин.
Пештар аз ин созмонҳои ветеранҳои низомии Русия аз Путин хоста буданд, ки маъракаи таҷлил аз 75-солагиро ба таъхир андозад.
То 16-уми апрел тамоми минтақаҳои Русия аз сабти коронавирус хабар доданд. Дар як рӯзи охир шумораи мубталоёни ин вирус дар Русия якбора 3448 кас зиёд шуд. Дар маҷмуъ дар Русия 27 ҳазору 938 нафар ба ин беморӣ мубтало шуда, 232 кас фавтидаанд.