Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии 291 муҳоҷири бозгашта аз "карантин" дар Бохтар. ВИДЕО


Хатми карантини 291 бозгашта аз Русия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:33 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Пизишкони бемористони марказии вилояти Хатлон рӯзи 16-уми апрел 291 нафареро, ки аз Русия ба Тоҷикистон оварда шудаанд, аз карантин озод карданд. Ин афрод 23 рӯз дар карантин буданд.

Табибон мегӯянд, касе аз афроди раҳошуда бемор нест, аммо 14 рӯзи дигар бояд дар хонаҳояшон карантинро сипарӣ кунанд.

Ин гуруҳи муҳоҷиронро шаби 25-уми март аз Маскав ба Кӯлоб оварда, сипас, бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар бемористони шаҳри Бохтар ба карантин гирифтанд. Онҳо пеш аз омадан ба кишвар дар фурудгоҳи “Жуковский”-и Маскав панҷ рӯз банд монданд.

Санавбар Аҳмадуллоева, муҳоҷири тоҷик аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд, "ҳоло худамро хуб эҳсос мекунам, ҷойи нигаронӣ нест. Дар фурудгоҳ чанд шабро дар рӯи замини сард рӯз карда будем, дар инҷо вазъият хуб буд."

Алишер, муҳоҷири дигари бозгашта гуфт, аз шароити карантин шикоят надорад, аммо беш аз ду ҳафта нигоҳ доштани онҳо нигаронияшро бештар карда буд: "Аз он сахт ҳарос доштам, ки мабодо ба вируси нав гирифтор нашуда бошем, Худоро шукр, ҳамааш хуб будааст."

Нишасти ситоди зидди коронавирус дар Хатлон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

Алихон Ҷонов, сардори бемористони ба номи Бӯри Воҳидов дар маркази вилояти Хатлн гуфт, чаҳор муҳоҷири бозгашта аз вилояти Бадахшон ва 86 нафари дигар аз Суғд ҳастанд. ​"Дар беморхонаи мо 82 парастор ва пизишк карантин шудаанд, ки баъд аз ҳафт рӯз онҳо низ озод мешаванд", - афзуд ӯ.

То 15-уми апрел дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 670 нафарро зери карантин қарор додаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз аввали феврал то ин дам беш аз ҳафт ҳазор нафареро, ки аз хориҷ баргаштаанд, ба карантин гирифтанд, аммо ягон мавриди гирифтории сокинон ба коронавирус ошкор нашудааст.

XS
SM
MD
LG