Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон аз ҳамтои чиниаш барои баргардонии қарзҳо муҳлати бештар хост


Пекин, апрели соли 2019. Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бо ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин
Пекин, апрели соли 2019. Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бо ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бо ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Ҷонибҳо "масоили муҳим ва ояндаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла талошҳои муштарак дар амри мубориза бо вируси корона ва барқарории равуои мошинҳои боркашро баррасӣ карданд", хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон.

Ҷеенбеков ҳамзамон аз ҳамтои чиниаш хостааст, ки имкони сабукӣ ва додани муҳлати бештарро барои баргардонии қарзҳо баррасӣ кунад.

Қарзи хориҷии Қирғизистонро 3 миллиарду 874,57 млн доллар ташкил медиҳад, ки 1,7 миллиарди онро Чин додааст.

XS
SM
MD
LG