Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Гурҷистон чор шаҳри калонро бо сабаби коронавирус баст


Посгоҳи назоратӣ дар даромадгоҳи Тифлис. 15 апрели соли 2020
Посгоҳи назоратӣ дар даромадгоҳи Тифлис. 15 апрели соли 2020

Ҳукумати Гурҷистон тасмим гирифт ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус роҳҳои ҳаракат ба чор шаҳри калонтарини кишварро масдуд кунад. Нахуствазир Гиорги Гахариа рӯзи 14 апрел дар ҷаласаи ҳукуматӣ гуфт, ки тасмими барои даҳ рӯз масдуд шудани роҳҳо шаҳрҳои Тифлис, Руставӣ, Батумӣ ва Кутаисиро дар бар хоҳад гирифт. Гахариа гуфт, ки ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки дар як рӯз дар кишвар 30 ҳодисаи нави олудашавӣ ба корнавирус ба қайд гирифта шуд. Ба сокинони ин шаҳрҳо амр шудааст, ки баъди соати 9 шом аз хонаҳо берун нараванд. Дар Гурҷистон 306 ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус ва се ҳодисаи марг ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG