Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба 1179 расид


Қазоқистон. 13-уми апрели 2020
Қазоқистон. 13-уми апрели 2020

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Қазоқистон, то рӯзи 14-уми апрел дар ин кишвар 1179 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст.

То ин замон 138 кас муолиҷа ва 14 тан фавтидааст.

Дар саросари дунё, бино ба хабарҳои охир, шумори гирифторон аз марзи 1,9 миллион гузаштааст. Беш аз 445 ҳазор шифо ёфта, 119 ҳазор фавтидааст.

Дар як шабонарӯзи охир дар шаҳри Алматои Қазоқистон 174 ҳолати нави гирифторӣ сабт шудааст. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар он кишвар 116 корманди тиб ҳам мубталои корона шудаанд.

XS
SM
MD
LG