Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳавопаймои артиши Покистон дар тамринҳои ҳавоӣ суқут кард


Ҳавопаймои низомӣ, ки барои ширкат дар паради ҳарбӣ омода мешуд, ба замин сарозер шуд. 11 март соли 2020
Ҳавопаймои низомӣ, ки барои ширкат дар паради ҳарбӣ омода мешуд, ба замин сарозер шуд. 11 март соли 2020

Низомиёни покистонӣ гуфтанд, ки рӯзи 13 апрел дар ҷараёни тамринҳои маъмулии ҳавоӣ дар фазои вилояти шарқии Пунҷоб, як ҳавопаймои низомии ин кишвар суқут кард ва халабону мураббӣ ҳарду кушта шуданд. Дар изҳороти артиш омадааст, ки ин ҳодиса дар замин ба касе осеб нарасонидааст. Маълум нест, ки сабаби сарозер шудани ҳавопаймо чист. Моҳи март ҳам як ҳавопаймои F-16-и нирӯҳои ҳавоии Покистон дар пойтахт, шаҳри Исломобод дар як тамрин суқут кард. Дар ин ҳодиса худи халабон кушта шуд.

XS
SM
MD
LG