Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Арманистон ҳолати изтирори коронавирус то 14 май тамдид шуд


Рӯзи 12 апрел мардуми Арманистон Иди Покро бо риояи маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус таҷлил карданд
Рӯзи 12 апрел мардуми Арманистон Иди Покро бо риояи маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус таҷлил карданд

Дар паи талошҳо барои кам кардани суръати паҳншавии коронавирус ҳукумати Арманистон тасмим гирифт вазъи изтирориро то 14 май тамдид кунад.

Дар ин кишвар баробари тасдиқ шудани нахустин ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус рӯзи 16 март ҳолати изтирории якмоҳа ҷорӣ шуд ва акнун як моҳи дигар идома мекунад. Мақомот бо зикри ин таъкид намуданд, ки ба хотири ҳифзи дастовардҳо аз назари боздошта шудани суръати паҳншавии вирус маҳдудият дар ҳаракати мардум ва фаъолиятҳои корӣ побарҷо хоҳад монд.

Бар асоси қонуни тамдидшуда, ҳукумат ҳақ дорад афроди мавриди карантинро дар меҳмонхонаву муассисаҳои хусусӣ ҷой диҳад. Айни замон, нахуствазир Никол Пашинян гуфт, ки ҳама гуна маҳдудияти марбут ба пахши хабарҳои вобаста ба коронавирус бардошта мешавад. Вазири адлия Рустам Бодосян гуфт, дар сурати паҳншавии хабарҳои дурӯғин дар бораи коронавирус маҳдудиятҳо бархоҳад гашт. Дар Арманистон то ҳол беш аз як ҳазор нафар ба вирус гирифтор шуда, 14 нафар даргузаштаанд

XS
SM
MD
LG