Асет Абишев, фаъоли мадании Қазоқистон, ки зиндонӣ аст, гуруснашинӣ эълом кардааст. Дар ин бора вакили мудофеи вай Гулнора Жуаспоева хабар дод.
"Асет панҷ рӯз пеш дар утоқи ҷаримавӣ ба гуруснашинӣ даст зад ва ба ин тартиб, зидди роҳбарияти маҳбас эътироз кард. Соли гузашта ӯро шадидан латту кӯб карданд, ки сараш ҷароҳат бардошт. Ман дар бораи сиҳатии вай иттилои дақиқ надорам. Ба далели карантин ман наметавонам, шаҳри Алматоро тарк кунам. Аз ҳамин хотир ман аз роҳбарияти маҳбас дархост кардам, ки бо Асет гуфтугӯи телефонӣ ё видеоӣ анҷом диҳам",-хабар дод Гулнора Жуаспоева.
Жанибек Косжанов, роҳбарияти маҳбаси Заречний гуруснашинии Асет Абишевро тасдиқ кард. "Баъди чаҳор рӯзи гуруснашинӣ дубора ғизо хӯрд. Сиҳатиаш хуб аст ва таҳти назорати табибон қарор дорад",-гуфт Косжанов.
Асет Абишев пештар аз роҳбарияти маҳбас талаб кардааст, ки дар робита ба паҳншавии коронавирус чораҳои бехатарӣ тақвият дода шаванд ва маҳбусон бо ниқоби тиббӣ таъмин гарданд, ҳамзамон маҳбас поккорӣ шавад.
Аммо мақомоти додситонии Қазоқистон гуфтанд, Абишев ба хотири он ба утоқи ҷаримавӣ интиқол дода шуд, ки аз ҷайбаш телефони ҳамроҳ пайдо карданд. Мақомот хабари инро, ки гӯё фаъоли маданиро барои талаби тақвияти чораҳои бехатарӣ ба утоқи ҷаримавӣ интиқол додаанд, рад кард.
Асет Абишевро 30 ноябри соли 2018 бо гумони узвият дар ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон", ки аз сӯи мухолиф Мухтор Аблязов таъсис шудааст, чор сол аз озодӣ маҳрум карданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи қазоқистонӣ Асет Абишевро маҳбуси сиёсӣ эътироф кардаанд.