Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Тошканд ба соҳибони манзилҳои иҷора: "Муваққатан пул напурсед"


Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, шаҳрдори Тошканд.
Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, шаҳрдори Тошканд.

Шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев аз соҳибони манзилҳои иҷора дар пойтахти Узбекистон даъват кард, ки муваққатан пули иҷораро нагиранд. "Вазъи имрӯза як имтиҳон барои ҳама аст. Ҳоло мо бояд якдигарро дастгирӣ карда, ба онҳое кӯмак кунем, ки ниёз доранд",-афзуд ӯ.

Шаҳрдори Тошканд дар мавриди он ки бештари иҷорашинон дар пайи эъломи карантин ҷои кори худро аз даст дода, дар вазъияти баде қарор доранд, изҳор дошт, ки "агар онҳо пули иҷораи манзилашонро дертар пардохт кунанд, одилона хоҳад буд".

"Дар шаҳри мо шаҳрвандони иҷоранишин ҳастанд. Дар миёнашон онҳое ҳам ҳастанд, ки аз роҳи дур омадаанд. Дар ҳоли ҳозир ин шаҳрвандон бо риоя кардани карантин аз хонаводаҳои худ дур ба сар мебаранд ва бештарашон муваққатан кор намекунанд. Албатта, дар ин шароит барои онҳо осон нест. Аз як тараф бояд пули иҷораи манзилро пардохт ва аз тарафи дигар бояд нафақаи хонаводаи худро таъмин кунанд. Бинобар ин, аз соҳибони манзилҳо даъват мекунам, ки дар ин вазъияти мушкил сабрро пеша карда, вазъи иҷоранишинонро фаҳманд ва муваққатан аз онҳо пули иҷора талаб накунанд",-изҳор дошт Ортиқхоҷаев.

Омори расмии иҷоранишинон дар Тошканд маълум нест. Нархи иҷораи як метри мураббаи манзил дар шаҳр аз 2 то 10 доллар аст.

XS
SM
MD
LG