Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Қазоқистон, то 12-уми апрел дар ин кишвар 951 нафар ба коронавирус мубтало шудааст. 99 кас шифо ёфта, 10 нафар ҷон бохтааст.
Ҳолатҳои нави гирифторӣ рӯзи 12-уми апрел дар шаҳрҳои Нурсултон, Алмато, Чимкент ва вилоятҳои Акмолин, Алмато, Қарағанда, Мангистау, Павлодар ва Қазоқистони Ғарбӣ ошкор шуд.
Дар ҳамин ҳол кормандони "ёрии таъҷилӣ" дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон талаб доранд, ки барои соатҳои изофии корияшон маблағ пардохт шавад. Баъди ин шикоятҳо ба онҳо ваъда кардаанд, ки 100-ҳазор тангаӣ (ҳудуди 230-долларӣ) изофапулӣ хоҳанд гирифт.
"Дар "ёрии таъҷилӣ" 24 гуруҳи махсус барои мубориза бо коронавирус кор мекунад. Онҳо аз буҷаи ҷумҳуриявӣ барои моҳи март иловапулӣ гирифтанд. Ҳеҷ кас наметавонад меҳнати онҳоеро рад кунад, ки дар ҳолати фавқулодда кор мекунанд. Бинобар ин, тасмим гирифта шуд, аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ба онҳое ҳам иловапулии якдафъаина пардохт шавад, ки ба гуруҳҳои мазкур шомил нестанд",-гуфт сардухтури вилояти Оқтеппа Асет Калиев.