Продюсери Ҳолливуд Ҳарвӣ Вайнштейн, ки барои озори ҷинсӣ ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст, аз коронавирус пурра табобат ёфт. Дар ин бора Fox News хабар дод. Вуҷуди коронавирусро дар ҷисми Вайнштейн охири моҳи март ошкор карда ӯро ба утоқи беморхонаи зиндон ҷой доданд. Вайншейни 68-сола шакли сабуки Ковид-19-ро пуштисар кардааст.
Ҳукми Вайншейн рӯзи 11 март содир шуд. Қаблан додгоҳи ҳакамӣ дар шаҳри Ню-Йорк ӯро дар ҷиноятҳои ҷинсӣ, аз ҷумла таҷовуз ба номус гунаҳгор донист. Дар додгоҳ ӯ гуфт, ки амиқан пушаймон шудааст ва айни замон гуфт, ки аз он чи ки рух дод, дастпохӯрда шудааст.
Вайнштейн ҳаммуассис ва ҳамраиси ширкатҳои маъруфи синамои Miramax ва Weinstein Co. аст. Филмҳои сохтаи ин ширкатҳо маъруфияти ҷаҳонӣ касб карда борҳо барандаи ҷоизаи Оскар шудаанд.