Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси СБП: "Коронавирус ҷаҳонро бо бадтарин бӯҳрони иқтисодӣ рӯбарӯ хоҳад кард"


Кристалина Георгиева, раиси СБП.

Кристалина Георгиева, раиси Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, ҷаҳон дар натиҷаи вируси фарогири корона бо бӯҳрони бузурги иқтисодӣ дар соли равон рӯбарӯ хоҳад шуд. Бӯҳроне, ки ба гуфтаи ӯ, монандаш пас аз бӯҳрони бузурги солҳои 1929-1933 мушоҳида нашудааст. Хонум Георгиева дар ин бора рӯзи панҷшанбеи 9-уми апрел дар Вашингтон сӯҳбат мекард. Ӯ афзуд, ки рушди иқтисод дар ҷаҳон ба суръат ба ақиб хоҳад рафт ва аз миёни 180 кишвари узви ин сандуқ, 170 кишвар бо коҳиши даромад сари ҳар нафар, рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Раиси Сандуқи байналмилалии пул афзуд, "cоли 2020 ниҳоят душвор хоҳад буд. Агар паҳншавии вируси ҳамагири корона дар нимаи дувуми сол коҳиш ёбад, чораҷӯӣ барои пешгирӣ аз он низ қадам ба қадам кам хоҳад шуд ва бо ин, иқтисод дубора ба ҳаракат хоҳад даромад. Дар он ҳолат, пешбиниҳои пешакии мо ин аст, ки дар вазъият беҳбуди каме дар соли 2021 пеш хоҳад омад".

Хонум Георгиева гуфт, ки ояндаи ҷаҳон дар натиҷаи паҳншавии коронавирус номаълум ба назар мерасад. Вай ҳамчунин ҳушдор дод, ки вазъият шояд аз ин ҳам бадтар шавад.

Бо вуҷуди он, ки шуморе аз кишварҳо ба ҳадафи кам кардани таъсири иқтисодии коронавирус 8 триллион доллар баста ё пакетҳои ҳимоятиро рӯи даст гирифтаанд, аммо раиси Сандуқи Байналмилалии Пул аз ҳукуматҳо хост, ки чораҷӯии бештар анҷом диҳанд, то аз таъсирҳои баду ногувори вазъияти феълӣ пешгирӣ шавад.

Қарор аст Сандуқи Пайналмилалии Пул рӯзи сешанбеи 14-уми апрел гузориши муфассали худ дар бораи иқтисоди ҷаҳон ва пешбиниҳои нохушоянд барои кишварҳои узвро нашр кунад.

Дар ҳамин ҳол, Эътилофи созмонҳои ҷаҳонии мубориза бо фақр ё Oxfam аз роҳбарони ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори вируси корона чораҷӯӣ кунанд. Oxfam ҳамзамон огоҳ кард, ки густариши вируси корона мумкин аст, ниммиллиард инсони дигарро фақир кунад.

Дар муроҷиати рӯзи панҷшанбеи созмони мазкур омадааст, "кишварҳои сарватманд" барои пуштибонӣ аз иқтисоди худ дар давраи буҳрон омодаанд, триллионҳо долларро харҷ кунанд. "Ҳамин корро бояд барои кумак ба кишварҳои фақир анҷом дод",-зикр шудааст дар изҳороти Oxfam.

Шумораи гирифторон ба вируси корона дар саросари дунё ахиран аз марзи 1,5 миллион гузашт. То нимаи аввали рӯзи ҷумъаи 10-уми апрел дар саросари ҷаҳон бар асари ин беморӣ беш аз 95 ҳазор кас ҷон бохтанд. Шумораи аз ҳама бештари қурбониён дар Италия, Амрико ва Испания сабт шудааст. Ин беморӣ охирҳои соли гузашта дар Чин пайдо шуд ва ба саросари ҷаҳон сироят кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG