Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул 100 узви дигари Толибонро озод мекунад


Ҳукумати Афғонистон 100 узви Толибонро рӯзи 8-уми апрел озод карданд
Ҳукумати Афғонистон 100 узви Толибонро рӯзи 8-уми апрел озод карданд

Ҳукумати Афғонистон гуфт, ба таври иловагӣ тахминан 100 узви дигари Толибонро рӯзи панҷшанбе озод мекунад, ҳарчанд гурӯҳи шӯришӣ якҷониба аз ҷараёни музокира барои раҳоии маҳбусон берун шуд.

Рӯзи чаҳоршанбе маъмурияти президент Ашраф Ғанӣ гуфт, 100 узви Толибонро, ки афроди начандон хатарнок мебошанд, озод кард

Аз онҳо тақозо шуд, ки ба ҳеч сурат дубора ба майдони ҷанг барнагарданд. Мақомот гуфтанд, айни чунин гурӯҳи саднафарии дигари Толибон рӯзи панҷшанбе раҳо мешаванд.

Озодкунии Толибони зиндонӣ дар ҳолест, ки Ғанӣ дар пешорӯи бӯҳрони нави сиёсӣ аст ва Амрикор аз таъхир дар татбиқи ҷараёни сулҳ дар пасманзари эпидемияи коронавирус дар Афғонистон нохушнуд аст.

Мақомоти амрикоӣ ҳарос доранд, ки паҳншавии вирус боис ба шӯриш дар зиндонҳо мешавад.

Ҷовид Файсал, сухангӯи дафтари Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, дар Твиттер навишт, Кобул “дар чаҳорчӯби ҷараёни сулҳ ва муқобила бо паҳншавии КОВИД-19, имрӯз 100 узви Толибонро дар заминаи вазъи сиҳҳатӣ, синну сол ва мӯҳлати боқимондаи ҳукми зиндонашон озод мекунад”.

Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид ба Франс Пресс гуфтааст, ин иқдом мутаносиб нест.

Як гурӯҳи хурди намояндагони Толибон ҳафтаи гузашта ба Кобул рафта, табдили 5 ҳазор аъзои зиндонии Толибонро бо як ҳазор низомиёни ҳукуматӣ баррасӣ карданд, вале зуд бо далели, ба гуфтаашон, музокираҳои “бесамар” Кобулро тарк намуданд.

Муҷоҳид гуфт, ҳамарӯза саднафарӣ озод мешаванд, вале “ин хости мо нест ва ин чиз ғайриқобили қабул аст”.

Файсал ба саволи ин ки чаро бо вуҷуди тарки гуфтугӯҳо кардани Толибон ҳамоно озодкунии зиндониҳо амалӣ мешавад, ӯ гуфт, “ҷараёни сулҳ бояд пеш равад”.

Озод кардани зиндониҳо аз ҳарду тараф як шарти муҳими созиши сулҳи Амрико ва Толибон аст, ки 29-уми феврали имсол имзо шуд. Қадами баъдӣ бояд роҳандозии музокираҳои миёни шӯришиён ва ҳукумати Афғонистон бошад, вале маълум нест кай шурӯъ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG