Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурияро дар истифодаи силоҳҳои кимиёӣ айбдор карданд


Аксҳо аз гузориши OPCW - Созмони манъи аслиҳаи кимиёӣ аз соли 2018. Ин созмон намунаҳои истифодаи силоҳҳои кимиёиро нашр карда буд
Аксҳо аз гузориши OPCW - Созмони манъи аслиҳаи кимиёӣ аз соли 2018. Ин созмон намунаҳои истифодаи силоҳҳои кимиёиро нашр карда буд

Созмони нозири силоҳҳои кимиёӣ барои аввалин бор ба таври мустақим ҳукумати Сурияро дар он муттаҳам кард, ки дар се ҳодисаи бомбгузории охири марти соли 2017 дар шаҳри марказии Латомна аз гази асаби хлорину зарин истифода кардааст. Тими муфаттишони Созмони манъи аслиҳаи кимиёӣ рӯзи 8 апрел гузориши аввалини худро нашр кард. Дар гузашта ин созмон танҳо гуфта метавонист, ки оё воқеан ҳам аз силоҳи кимиёӣ истифода шудааст ё на, вале касеро гунаҳгор накарда буд. Дар гузориши созмон омадааст: “Далелҳои қобили эътимод вуҷуд дорад, ки имкон медиҳад ба истифодаи силоҳҳои кимиёӣ дар Латомна дар соли 2017 ва хлорин аз ҷониби шахсиятҳои марбут ба Нирӯҳои ҳавоии арабҳои Сурия бовар ҳосил шавад”.

Дар гузашта давлатҳои ғарбӣ бисёр вақт ҳукумати Сурияро барои дар ҷанги нӯҳсолаи шаҳрвандии ин кишвар дар муқобили гурӯҳҳои шӯришиву маданӣ истифода кардани силоҳҳои кимиёӣ интиқод кардаанд. Вале ин интиқодҳоро президенти Сурия Башор Асад ва муттафиқони калидиаш – Русияву Эрон ҳамеша рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG