Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбуси сиёсии қазоқ Асет Абишев ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ интиқол ёфт


Асет Абишев (аз рост)
Асет Абишев (аз рост)

Фаъоли мадании қазоқ Асет Абишев, ки бо гуноҳи иштирок дар "фаъолияти созмони мамнуъ" дар зиндон аст, ба боздоштгоҳи ҷаримавии "картсер" интиқол дода шуд. Дар ин бора вакили дифоъ Гулнора Жуаспаева иттилоъ дод.

"Асетро баъди он ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ интиқол доданд, ки хост чораҳо барои пешгирӣ аз коронавирус сахттар ва ба маҳбусон ниқоби тиббӣ дода шавад. Ҳоло дар зиндон каратин эълом шудааст ва ман натавонистам бо раҳбарияти он мулоқот кунам. Ҳоло маълум нест, барои чанд рӯз ӯро ба картсер бурдаанд",-афзуд вакили дифоъ.

Муовини додситони вилояти Алмато Ербол Керимбек низ хабари ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфтани фаъоли мадании қазоқро тасдиқ кард. "Аз ҷайби Абишев телефони мобилӣ пайдо кардаанд. Бинобар ин, барои 15 рӯз ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ интиқол дода шуд. Агар мо далели видеоӣ дар ин замина намедоштем, ӯ муҷозот намешуд", - изҳор дошт муовини додситон.

Жуаспаева иддаои муовини додситонро рад карда, гуфт, "Абишев марди донишманд аст ва ҳечгоҳ даст ба қонуншиканӣ намезанад".

Асет Абишевро 30 ноябри соли 2018 бо гумони узвият дар ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон", ки аз сӯи мухолиф Мухтор Аблязов таъсис шудааст, чор сол аз озодӣ маҳрум карданд.

XS
SM
MD
LG