Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфу сармои баҳорӣ дар Тоҷикистон. Дарахтон шикастанд, хатҳои барқ канда шуданд. АКС


Шаҳри Душанбе, 9-уми апрел, 2020.
Шаҳри Душанбе, 9-уми апрел, 2020.

Шаби 8 ба 9-уми апрел дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон барф борид. Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки дар шаҳри Хоруғ -- маркази ВМКБ барф наборид, аммо дар ноҳияҳои ғарбии ин вилоят барфборӣ идома дорад.

Ҳавошиносони тоҷик эҳтимоли сард шудани ҳаво ва боридани барфро дар рӯзҳои 8-9 -уми апрел пешбинӣ карда буданд. Ба иттилои Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳавои сард ба минтақа аз Русия тавассути Кавказ ворид шудааст.

Мушоҳидаҳои хабарнигорон Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар шаҳри Душанбе бар асари барфрезӣ дарахтони зиёде шикастаанд. Ҳамчунин дар бархе аз маҳаллаҳо хатҳои барқ канда шуданд.

Дар ширкати IRS -- масъули нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ, ки пойтахтро ба шимоли Тоҷикистон мепайвандад, гуфтанд, ки бо вуҷуди бориши шадиди барф, ҳаракат дар ин масир идома дорад.

Хеле кам мешавад, ки дар моҳи апрел дар Тоҷикистон барф борад. Соли гузашта дар ҳамин моҳ дар ноҳияи Сангвори минтақаи Рашт барф борида буд.

Дар Тоҷикистон кишоварзӣ як бахши муҳими иқтисод ва манбаи даромади мардуми зиёде дар деҳоти кишвар аст. Аз ҳоло кишоварзон ва сокинони деҳаҳо нигаронанд, ки сардии ҳаво метавонад ҳосили дарахтон ва зироати онҳоро нобуд кунад ва ҳамингуна боиси кам шудани даромади онҳо шавад.

XS
SM
MD
LG