Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корхонаи "Трансформатор"-и Бохтар бозсозӣ мешавад. ВИДЕО


Корхонаи "Трансформатор"-и шаҳри Бохтар
Корхонаи "Трансформатор"-и шаҳри Бохтар

Корхонаи "Трансформатор"-и шаҳри Бохтар баъд аз солҳои зиёд бозсозӣ шуда, дар назар аст, иқтидори истеҳсолиашро зиёд кунад. Ин корхонаи азим бо ширкатҳои русӣ қарордод бастааст.

Назаралӣ Давлатшоев, мудири корхонаи "Трансформатор"-и шаҳри Бохтар мегӯяд, "баъди азнавсозии корхона мо ҳам сифатан хуб мешавад, ҳам арзиши аслии маҳсулот арзонтар шавад ва ҳам дар бозори ҷаҳонӣ ҷойи худро меёбад".

Корхонаи саҳомии "Трансформатор" дар Бохтар яке аз азимтарин корхонаҳои тавлиди трансформаторҳо дар Тоҷикистон аст. Замони Шӯравӣ дар корхонаи "Трансформатор" зиёда аз 1200 нафар кор мекард.

Бино ба камбуди молӣ чанд соли пеш истеҳсолро ба маротиб кам карда, даҳҳо кормандро ба рухсатии бемузд фиристод. ​Шарофат Ҳасанова, корманди собиқи корхона, баъди солҳо дигарбора ба кор даъват шуд.

Корхонаи "Трансформатор"-и Бохтар бозсозӣ мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

Корхонаи "Трансформатор" соли 2017 дубора корро аз сар гирифт, вале то ҳол натавонистааст ба ҳолати пешина баргардад. Ба гуфтаи масъулони корхона, Тоҷикистон дар як сол ба ҳазор трансформатори нав ниёз дорад.

Феълан барои истеҳсоли истгоҳи барқӣ ё трансформатор маҳсулоти хомро аз Узбекистону Русия ва Чин меоранд. Харидорони асосии трансформаторҳо ширкати “Барқи тоҷик” аст.

Соли 2016 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ саҳмияҳои корхонаи “Трансформатор”-ро ба фурӯш гузошт, вале бо талоши роҳбарияти феълиаш корхона аз тендер ё музояда гирифта шуд ва бо сармояи хусусӣ дигарбора ба кор идома дод. Шарти асосӣ ин буд, ки корхонаро дубора фаъол ва шумораи коргаронро бештар кунад. Масъулини корхона умедворанд, бо фаъол шудани нерӯгоҳҳои барқӣ ва бекор шудани маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон, кори ин корхона ҳам дубора равнақ меёбад.

XS
SM
MD
LG