Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони Еврогруп ба созиш нарасиданд


Вазирони молияи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бо вуҷуди гуфтугӯҳои дароз дар бораи барномаи наҷоти иқтисоди иттиҳод аз бӯҳрони пешовардаи коронавирус сари қабули барнома ба созиш нарасиданд. Гуфтугӯҳои вазирон то субҳи 8-уми апрел идома кард. Марио Сентено, раиси Еврогруп ҳавзаи кишварҳои евро гуфт, “Баъд аз 16 соат мубоҳиса мо ба созиш наздик шудем, вале ҳоло ба даст наёмадааст. Ба гуфтаи ӯ, баррасии барнома рӯзи 9-уми апрел идома мекунад.

Бо афзоиши фишор барои коҳиши паёмадҳои карантини саросарӣ ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Аврупо, вазирон рӯзи 7-уми апрел видеоконфронс баргузор карданд. Марио Сентено, гуфт, ки масъалаи таъсиси “тӯри эминии молӣ” -и 540 миллиард евроӣ дар миён аст. Масъалаи ихтилофи назар нашри авроқи гаронбаҳои муштараки Аврупо ба истилоҳ “коронабонд” аст.

Кишварҳои қарздори сахте ба мисли Итолиё ва Испониё мехоҳанд, дар ин замони сахт ба онҳо ҳамраъйӣ нишон дода, бори қарзи онҳоро сабуктар кунанд. Фаронса ҳам тарафдори ин пешниҳод аст, вале кишварҳои сарватманди Иттиҳодияи Аврупо ба мисли Олмон, Ҳолланд, Австрия ва Финландия ингуна пешниҳодро қабул надоранд, чун ба тахмини ин кишварҳо мумкин аст, дар ниҳояти амр молиётсупорандагони онҳо, қарзи кишварҳои заифтару осебпазири Иттиҳодияи Аврупоро бипардозанд.

XS
SM
MD
LG