Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи НАТО аз Мақдунияи Шимолӣ ба ҳайси узви нав


Мақдунияи Шимолӣ
Мақдунияи Шимолӣ

Вазирони корҳои хориҷии НАТО рӯзи 2-юми апрел аз Мақдунияи Шимолӣ ба ҳайси узви нави ин иттиҳод истиқбол карданд. Ин кишвар 30-юмин узви НАТО шуд.

Пештар аз ин парчами Мақдунияи Шимолӣ дар қароргоҳи НАТО дар Белгия барафрохта гардид.

Мақдунияи Шимолӣ баъди табдили ном аз Мақдуния ба Мақдунияи Шимолӣ шомили НАТО шуд. Инро давлати Юнон талаб карда буд. Афина аз он нигарон буд, ки Мақдуния метавонад, даъвои ҳудудҳои Юнонро кунад. Мақдуния бо баргузории раъйпурсии умумӣ тағйири ном кард.

XS
SM
MD
LG