Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нисфи аҳолии ҷаҳон дар карантин. Беш аз як миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд


Яке аз бемористонҳои Фаронса, 23-юми марти 2020

Тибқи гузоришҳо, шумораи гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 1 миллион нафар расида, шумораи қурбониён аз 53 ҳазор нафар гузаштааст. Ниме аз гирифторон ва 70 дарсади қурбониёни ин вирус дар Аврупо ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки ин вирус дар Амрико ба суръат дар ҳоли паҳн шудан аст.

Хабаргузории "Франс-Пресс" рӯзи 2-юми апрел гузориш дод, ки ҳамакнун ниме аз аҳолии ҷаҳон дар карантин ҳастанд.

То кунун беш аз 245 ҳазор нафар дар Амрико ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, ки дар ҷаҳон аз ҳама бештар мебошад. Шумораи қурбониён дар ин кишвар ба беш аз 6 ҳазор нафар расидааст. Ҳамакнун аз се ду ҳиссаи мардуми Амрико дар карантин ҳастанд ва интизор меравад, ки шумораи бекорон афзоиш ёбад.

Шумораи қурбониён дар Италия беш аз 13 ҳазор нафар ва Испания низ аз 10 ҳазор тан гузаштааст. Фаронса бо беш аз чаҳор ҳазор қурбонӣ дар мақоми чаҳоруми ҷаҳон қарор дорад ва мақомоти Эрон низ мегӯянд, дар ин кишвар 3160 нафар фавтидаанд.

Мақомоти Чин иддао мекунанд, ки шумораи қурбониёни коронавирус ба 3318 нафар расидааст, аммо теъдоди гирифторон ва қурбониён дар рӯзҳои ахир ниҳоят кам шудааст. Ин беморӣ дар охирҳои моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин хуруҷ кард ва ба саросари ҷаҳон паҳн шуд.

Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон, ки қабл аз Аврупо бо коронавирус гирифтор шуданд, амалкардҳои нисбатан беҳтаре нисбат ба кишварҳои ғарбӣ доштаанд. Шумораи умумии фавтидагон дар Кореяи ҷанубӣ то кунун 169 нафар буда, ин рақам дар Ҷопон 57 нафар будааст.

Паҳншавии коронавирус ҷаҳонро вориди як бӯҳрони амиқ кардааст ва Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ гуфтааст, бӯҳрони корона бадтарин вазъиятро аз замони Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ба вуҷуд овардааст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG