Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алӣ Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон ба корона мубтало шуд


Алӣ Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон.
Алӣ Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон.

Дафтари матбуоти порлумони Эрон рӯзи панҷшанбеи 2-юми апрел хабар дод, ки Алӣ Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси исломӣ ё порлумони он кишвар ба бемории КОВИД-19 гирифтор шуда, дар карантин ба сар мебарад. Манбаъ гуфтааст, ки дар пайи пайдо шудани бархе аломатҳои беморӣ, аз ӯ тести корона гирифта шуд ва натиҷаи он мусбат буд ва ҳоло дар карантин ва таҳти муолиҷа аст.

Алӣ Лориҷонӣ болотарин мақоми Эрон аст, ки хабари гирифтории ӯ ба корона ба таври расмӣ эълом мешавад. Пеш аз ин Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси ҷумҳур, Алӣ Акбар Вилоятӣ, мушовири умури байналмилалии раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, аз саршиностарин афроде буданд, ки хабари гирифтории онҳо ба коронавирус эълом шуда буд.

Гирифторӣ ба коронавирус дар миёни шахсиятҳои сиёсӣ ва сиёсатмадорони Ҷумҳурии исломӣ нисбатан зиёд буда ва шуморе аз аъзои кобина ва ду мақоми дафтари раҳбари Эрон низ ба ин беморӣ мубтало шудаанд. Дар ҳафтаҳои гузашта гузоришҳои расмӣ дар бораи ҷон бохтани чанд мақом ва чеҳраи сиёсии Эрон ба сабаби ҳамин беморӣ нашр шуда буд.

Аз ҷумлаи ин афрод метавон ба фавти Муҳаммад Мирмуҳаммадӣ, узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, Ҳусейн Шайхулислом, муовини пешини вазири хориҷӣ, Ҳодӣ Хусравшоҳӣ, сафири пешини Эрон дар Ватикан, ишора кард. Фотима Раҳбар, узви порлумон ва Муҳаммадалӣ Рамазонӣ, намояндаи дигари порлумон низ бар асари ин беморӣ ҷон бохтанд.

Бар асоси омори расмии вазорати тандурустии Эрон, то кунун беш аз 50 ҳазор нафар дар Эрон ба коронавирус гирифтор шудаанд. Шумораи қурбониёни вирус дар Эрон аз се ҳазор бештар мебошад.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси омори ҷамъовардаи Радиои Фардо -- бахши эронии Радиои Озодӣ аз изҳороти парокандаи мақомҳои расмии маҳаллӣ ва манобеъ дар вазорати тандурустии он кишвар, то кунун беш аз 70 ҳазор нафар бинобар доштани аломатҳои корона дар 31 вилояти Эрон бистарӣ шуда ё таҳти назар қарор доранд. Ин омор ҳамчунин нишон медиҳад, ки то се рӯзи пеш ҳади ақал 4762 нафар дар 31 вилоят ҷони худро аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG