Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон, муовини нахуствазири ин кишвар Олтиной Омурбекова ва вазири тандурустӣ Космосбек Чолпонбоевро аз мақомҳояшон барканор кард. Фармони барканории ин ду мақоми баландпояи қирғиз рӯзи 1-уми апрел имзо шуд.
Оқои Ҷеенбеков рӯзи 31-уми март дар як ҷаласа аз фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вазорати тандурустӣ дар умури пешгирӣ аз густариши вируси корона, интиқод кард. Ӯ афзоиши шумораи гирифторон ба ин бемориро натиҷаи талошҳои номуваффақи масъулин донист.
Тибқи иттилои расмӣ, то субҳи 1-уми апрел дар Қирғизистон 111 ҳолати гирифторӣ ба вируси нав сабт шудааст. 11 нафари ин гирифторон кӯдакон мебошанд. Бештари аз гирифторон дар ҷануби он кишвар қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон -- ҳамсоякишвари Қирғизистон, севумин ҳолати фавт бар асари коронавирус сабт шуд. Вазорати тандурустии Қазоқистон рӯзи чоршанбеи 1-уми апрел иттилоъ дод, ки дар вилояти Қарағандаи ин кишвар як нафар бар асари коронавирус ҷон бохт.
Ин севумин шаҳрванди Қазоқистон аст, ки аз коронавирус ба ҳалокат мерасад. Дирӯз як марди 50-сола дар шаҳри Нурсултон ва рӯзи 26-уми март як зани 64-сола аз вилояти Акмолин ҷон бохта буданд.
Дар Узбекистон -- кишвари дигар дар Осиёи Миёна, таҳқиқот алайҳи як вакили маҷлиси маҳаллии Қӯқанд ба иттиҳоми паҳн кардани маълумоти нодуруст дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҷеъ ба коронавирус оғоз шудааст.
Узбекистон рӯзи 1-уми апрел шумораи гирифторони коронавирус дар ин кишварро 173 тан эълон кард. Мақомот тандурустии Узбекистон мегӯянд, ки ду нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд.
Дар Тоҷикистон ва Туркманистон - ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ, ҳанӯз ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ сабт нашудааст.