Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ аз мусалмонон хост, ҳоло барои ширкат дар маросими Ҳаҷҷ барномарезӣ накунанд


Каъба, Макка, Арабистони Саудӣ.

Вазири ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ рӯзи сешанбеи 31-уми март аз мусалмонон дар саросари ҷаҳон хост, ки то маълум шудани вазъияти паҳншавии коронавирус, аз барномарезӣ барои сафар ба ин кишвар ва ширкат дар маросими Ҳаҷҷ худдорӣ кунанд ва интизор бимонанд.

Зоҳиран мавсими имсолаи Ҳаҷҷ, ки дар авохири моҳи июл оғоз мешавад, таҳти таъсири паҳншавии коронавирус қарор хоҳад гирифт. Солона дар мавсими Ҳаҷҷ ҳудуди 2,5 миллион нафар барои адои ин фаризаи исломӣ, ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Ба гузориши шабакаи "Ал-Ҷазира", Муҳаммад Солеҳ бин Тоҳир, вазири ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ ба телевизиони Ал-Ахбория гуфтааст, ки кишвараш омодаи қабули зоирон ва хизматгузорӣ ба онҳо аст, аммо ҳифзи саломатии зоирон барои Арабистон ниҳоят муҳим мебошад.

Тибқи ин гузориш, Арабистони Саудӣ феълан шумораи гирифторон ба коронавирусро 1500 нафар эълом кардааст ва 10 нафар низ дар ин кишвар бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд.

Арабистони Саудӣ моҳи гузашта пас аз сабти аввалин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ, ба таври муваққатӣ вуруди афрод ба ин кишварро барои адои Ҳаҷҷи умра ва зиёрати Масҷиди паёмбар, манъ карда буд.

Саудӣ ҳамчунин вуруди афрод бо визаи сайёҳӣ аз кишварҳоеро, ки ҳамакнун вируси корона дар онҳо таҳдид ба шумор меравад, мамнӯъ кардааст. Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ қаблан аз шаҳрвандони худ хоста буд, ба кишварҳое, ки ҳамакнун коронавирус дар онҷо паҳн шудааст, сафар накунанд.

Кишвари Арабистони Саудӣ, ки Макка ва Мадина -- ду макони муқаддас барои мусалмонон дар он ҷойгир ҳастанд, ҳамасола мизбони миллионҳо мусалмон аст ва авҷи сафари онҳо ба мавсими Ҳаҷҷ рост меояд. Саудӣ соли гузашта барои 49 кишвар визаи нави сайёҳӣ пешниҳод кард.

Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳам ҳазорҳо нафар ба Арабистони Саудӣ ба зиёрати ҷойҳои муқаддас сафар мекунанд. Аз ҷумла, соли гузашта аз Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор нафар ба ҳаҷ рафтанд. Дар мавсими ғайри ҳаҷ ҳам садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон барои Ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG