Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, ду мушаки баллистикиро дар фазои кишвар радёбӣ ва маҳв кардаанд. Нерӯҳои ҳавоии Саудӣ рӯзи 29-уми март гуфтанд, ки яке аз мушакҳоро дар пойтахт шаҳри Риёз нобуд кардаанд ва барои радёбӣ ва маҳви онҳо системаи мушакии Патриот тавлиди Амрикоро ба кор бурданд. Мушаки дуввумро дар шаҳри ҷанубии Ҷизон дар марзи Яман задаанд.
Туркӣ ал-Маликӣ сухангӯи Нерӯҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ гуфт, то кунун касе дар ин ҳодисаҳо себ надидааст. Хабаргузории давлатии Саудӣ аз қавли ин афсар навишт, ки пораҳои мушакҳои маҳвшуда дар маҳаллаҳои аҳолинишин рехтаанд. Касе масъулияти ҳамлаҳои мушакиро бар дӯш нагирифтааст, аммо ошӯбгарони Ҳусӣ, ки Эрон онҳоро дастгирӣ мекунанд, дар гузашта борҳо ба Арабистони Саудӣ бо мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамла бурдаанд.
Арабистони Саудӣ ҳукумати Яманро ҳимоят мекунад ва Эрон ошӯбгарони зидди ҳукуматро. Ҷанг дар Яманро коршиносон ҷанги байни Эрону Арабистони Саудӣ барои тақвияти нуфузашон дар Ховари Миёна медонанд.