Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари FBI гуфт, кор барои маълум кардани тақдири агенти собиқ дар Эрон идома мекунад


Крис Рей, раҳбари Бюрои федеролии тафтишот
Крис Рей, раҳбари Бюрои федеролии тафтишот

Раҳбари Бюрои федеролии тафтишот Крис Рей гуфт, ин ниҳоди интизомӣ ҳеҷ гоҳ талошашро барои пайдо кардани иттилоъ дар бораи сарнавишти агенти собиқ Роберт Левинсон аз даст намедиҳад. ИМА бовар дорад, ки Левинсон дар зиндони Эрон даргузашт.

Дар як имейле, ки хабарнигори оҷонсии Ассошейтед Пресс рӯзи 26 март дидааст, Рей ба кормандони Бюрои федеролии тафтишоти ИМА навиштааст, ки бо оилаи Роберт Левинсон мулоқот карда ба онҳо шарҳ додааст, ки “бар асоси далелҳои ҷамъшуда дар давоми 13 соли гузашта мо ба хулосае омадем, ки ба эҳтимоли зиёд Боб дар боздошт даргузашт».

Рей навиштааст, ки “расонидани ин хабар барои ман дарднок аст, вале ман ба ин бовар ҳастам, ки мо вазифадорем ба хонаводаи Боб маълумоти муфассалро дар бораи бозёфтҳои худ пешкаш кунем”.

Ӯ афзуд, ки кор барои мушаххас кардани ҷузъиёти рабуда шудани ӯ ва ҳам вазъаш дар боздошт идома меёбад.

Левинсон, ки моҳи марти соли 1948 таваллуд шудааст, моҳи марти соли 2007 замони сафараш ба ҷазираи Кеши Эрон нопадид шуд. Ӯ он замон барои Оҷонсии марказии истихборот ба ҳайси коргари қарордодӣ кор мекард. ИМА борҳо ба Эрон муроҷиат карда, дархост кардааст, ки барои маълум кардани макони будубош ва бозгардони Левинсон мусоидат кунанд. Вале як расонаи рӯ ба давлати Эрон баъди нопадидшавии Левинсон гузорише нашр кард, ки дар он гуфта шуд, “Левинсон дар дасти нирӯҳои амниятии Эрон”аст.

Рӯзи 26 март Теҳрон бо нашри изҳороте гуфт, ки Левинсон “муддатҳо пеш” Эронро тарк кард ва онҳо дар бораи будубошаш хабаре надоранд. Ин изҳорот ҳамчунин иттиҳоми дар зиндони Эрон даргузаштани Левинсонро рад кардааст. Дирӯз Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар изҳороташ инчунин гуфт, ки мақомот тамоми тадбирҳоро барои пайдо кардани иттилоъ дар бораи сарнавишти Левинсон ба кор андохтанд, вале Эрон шаҳодати “зинда будани Левинсон”-ро пайдо накардааст.

XS
SM
MD
LG