Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди беморхонаи вижа барои гирифторони коронавирус дар Узбекистон


Як бемористон дар Узбекистон.
Як бемористон дар Узбекистон.

Дар Узбекистон барои карантин ва муолиҷаи гирифторони вируси корона ба таври фаврӣ беморхонаҳои махсус бунёд мекунанд. Ин беморхонаҳо дар шаҳри Тошканд ва чаҳор вилояти Узбекистон сохта мешаванд.

Дар пойтахти Узбекистон сохтмони се муассисаи махсуси тиббӣ ҷараён дорад. Гуфта мешавад, ин муассисаҳо дар моҳҳои оянда ба қабули беморон шуруъ мекунанд.

Дар ноҳияи Юкоричи вилояти Тошканд 55 га замин барои бунёди муассисаи карантинӣ ҷудо шудааст. Муассисаи дигар дар ноҳияи Зангиота дар майдони 27 га ва барои 10 ҳазор кас бунёд мешавад.

Биноҳои дигар дар вилоятҳои Андиҷон, Навоӣ ва Сурхандарё бунёд хоҳанд шуд.

Ба иттилои вазорати тандурустии Узбекистон, дар ин кишвар 65 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт ва бештар аз 20 ҳазор кас ба карантин гирифта шудааст. Вазъи гирифторон вазнин арзёбӣ мешавад. Панҷ бемор аз шумори умумии гирифторон дар марҳилаи шифоёбӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG